Get Mystery Box with random crypto!

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми | Ирфон🎩

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли 2021, дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст.

Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон