Get Mystery Box with random crypto!

Имом Муҳаммади Ғазолӣ раҳматуллоҳи алайҳ дар китоби 'Насиҳатул | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Имом Муҳаммади Ғазолӣ
раҳматуллоҳи алайҳ дар китоби
"Насиҳатул мулук" ҳикоятеро ба ин мазмун зикр намудааст.

Дар шаҳри Бухоро саққо (машкоб, обкашон)-е буд. Ӯ сӣ сол ба хонаи заргаре об меовард. Он заргар зани порсову некӯ, бо камолу ҷамол ва оқилаву мастуре дошт.

- Рӯзе саққо об оварда ба зарфи хонаи заргар бирехт. Зани заргар дар ҳавлӣ буд.

Саққо дасти зани заргарро гирифта печиду бирафт.
Зани заргар аз ин рафтори машкоб ҳайрон шуд. Бегоҳ вақте заргар ба хона омад, занаш аз ӯ пурсид:

Росташро гӯй, ки имрӯз чӣ кор
кардӣ, ки бар он Худо розӣ
набудааст?


- Мард ҷавоб дод: - Ҳеҷ коре
накардаам.


- Зан гуфт: - Агар рост нагӯӣ, ман
баъд аз ин дар хона намеистам ва ту рӯи маро дигар намебинӣ. Ҳис карда истодаам, ки дурӯғ мегӯӣ.

Мард хиҷолатмандона гуфт:
- Эй зан, бидон, ки имрӯз зане ба
дӯкони ман омад ва аз баҳри ӯ
дастпонае кардам. Чун зан
дастпонаро ба дасташ намуд, ба
назарам сахт накӯ намуд. Ман
дасташро гирифта печидам.


Зан ба шавҳараш гуфт: - Ба сабаби ин рафтори ноҷои ту машкобе, ки сӣ сол бе хиёнат кор мекард, имрӯз чоштгоҳ беихтиёр дасти маро ба дасташ гирифт.

Заргар ба занаш гуфт: - Зинҳор , эй зан, тавба кардам, маро биҳил (авф) кун!

Зан дуо кард: - Худои Таъоло
оқибати кори туро ба хайр
гардонад!

Рӯзи дигар машкоб омада пеши зан дар хок биғалтиду гуфт:

- Эй кадбону, маро биҳил кун, ки дирӯз Шайтон маро аз роҳ зад.

- Зан гуфт: - Бирав аз паи корат , ки он хаторо ту накардӣ, шавҳари ман кард. Рафтори ту қасосе буд барои шавҳари ман дар ин дунё.

- Зан дорӣ, марав паси зани ғайр,
- Чун равӣ, дар занад намонад хайр.

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon