Get Mystery Box with random crypto!

22 март барномаи консертии ман таҳти унвони ' Ёри фирорӣ' дар | Ziyoviddini Nurzod

22 март барномаи консертии ман таҳти унвони " Ёри фирорӣ" дар Филармония доир шуда буд. Шоҳидон мегуянд, ки мардуми зиёде пушти дар навмед монданду дилшикаста баргаштанд. Натавонистанд вориди толор шаванд. Чун билетҳо пештар тамом шуда буд. Ва ман аз саҳна медидам, ки дар толор на танҳо ҷои нишаст балки ҷои рост истодан нест. Дардовар он буд, ки онҳое даромада натавонистанд, ки аз Кулоб , Ғарм, Бохтар, Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои дурдаст омада буданд. Ба ҳамин хотир тасмим гирифтем барномаи навбатиро дар бинои калонтар яъне Цирки давлати рузи 22 май бигзаронем. Ин барнома фақат барои мухлисони ашадист.Агар нархи як чипта дар барномаи қаблӣ 150сомон буд ба хотири боло рафтани курси доллар вале ин дафъа мо 2 баробар арзон кардем (ба хотири Шумои азиз) Яъне нархи чипта 50 сомон. Ҳамаи шуморо эҳтиромона даъват менамоям. Худо нигаҳдоратон!