Get Mystery Box with random crypto!

#Таваҷҷуҳ عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنْ | __Shukran__

#Таваҷҷуҳ


عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ :

‏« ﻣَﻦْ ﺩَﻋَﺎ ﺇِﻟَﻰ ﻫُﺪًﻯ ﻛَﺎﻥَ ﻟَﻪُ ﻣِﻦَ ﺍﻷَﺟْﺮِ ﻣِﺜْﻞُ ﺃُﺟُﻮﺭِ ﻣَﻦْ ﺗَﺒِﻌَﻪُ ﻻَ ﻳَﻨْﻘُﺺُ ﺫَﻟِﻚَ ﻣِﻦْ ﺃُﺟُﻮﺭِﻫِﻢْ ﺷَﻴْﺌًﺎ، ﻭَﻣَﻦْ ﺩَﻋَﺎ ﺇِﻟَﻰ ﺿَﻼَﻟَﺔٍ ﻛَﺎﻥَ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻣِﻦَ ﺍﻹِﺛْﻢِ ﻣِﺜْﻞُ ﺁﺛَﺎﻡِ ﻣَﻦْ ﺗَﺒِﻌَﻪُ ﻻَ ﻳَﻨْﻘُﺺُ ﺫَﻟِﻚَ ﻣِﻦْ ﺁﺛَﺎﻣِﻬِﻢْ ﺷَﻴْﺌًﺎ ‏»

‏(ﺭﻭﺍﻩ ﻣﺴﻠﻢ 6980 ‏).
Аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст , ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд :

- Агар касе мардумро ба сӯйи ҳидоят (кори хайр ва суннат) даъват кунад, ба андозаи савоби ононе, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд
савоб дода мешавад, савоби ин аз савоби онҳо чизеро кам намегардонад.

- Ва ҳамчунин агар касе мардумро ба сӯйи гумроҳи даъват кунад, ба андозаи гуноҳи ононе ки аз ӯ пайравӣ кардаанд гуноҳ дода
мешавад, гуноҳи ин аз гуноҳи онҳо чизеро кам намегардонад.

(Саҳеҳ Муслим № 6980)

Бародарон ва хоҳарони муваҳҳидам. Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала некиҳои дунё ва охиратро насибатон гардонад . Дар нашри некиҳо (суннатҳо ва.... ) бетараф набошем. Хусусан бародарону хоҳароне ки саҳифа (канал) доред, ҳар як матолиби хубе ки нашр карда мешавад, метавонед бемалол дар каналҳои худатон нашр кунед.
(Нуқтаи дигар инки мо дигар ҳатто дар расмҳо (суратҳое) ки мегузорем ном ё адреси саҳифаамонро низ намегузорем, то барои баъзеҳо боиси паҳн накарданашон нашавад. Албатта ки
Амалҳо аз ниятҳо вобастаанд )

Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд:

Аз тарафи ман ба мардум таблиғ кунед агарчи як оят бошад.

Бухорӣ 3461

#Аз_мо_ба_дигарон_расонед