2023-01-02 17:40:03
ОХИРҲОИ СОЛ АСТ....
Хелеҳо тохтанд хелеҳо бохтанд, хелеҳо сухтанд хелеҳо сохтанд, хелеҳо нафас кашиданду хелеҳо аз нафас уфтоданд, хелеҳо омаданду хелеҳо рафтанд. Касоне ки омаданд, шояд ҳамеша намонанд, вале касоне ки рафтанд, барои ҳамешагӣ рафтанд.
Зиндагӣ бисёр кӯтоҳ ва сахт аст, аммо гоҳе ба сахтияш меарзад. Муҳим нест, ки дунё бисёр номард аст, муҳим ин аст, ки мо мард бошему қадри ҳамдигарро донему бифаҳмем. Иҷозат дар ин умри кӯтоҳ доимо аз ҳамдигар дур бимонем.
Шоҳпарак ба хирс гуфт:
- Дӯстат дорам
Хирс гуфт: ҳоли мехоҳам бихобам. Бошад, вақте ки бедор шудем ҳарф мезанем.
Хирс ба хоби зимистонӣ рафту ҳеҷ вақт нафаҳмид, ки умри шоҳпарак фақат се руз аст.
Ҳамдигарро дӯст дошта бошед... Шояд фардое вуҷуд надошта бошад. Одамҳои зинда ба гулу муҳаббат ниёз доранд, мурдаҳо ба дуову фотеҳа. Вале мо гоҳе баръакс амал мекунем. Ба мурдаҳо сар мезанему гул мебарем, вале роҳат фотеҳаи зиндаҳоро мехонем. Гоҳе фурсати бо ҳам будан камтар аз умри шукуфаҳост.
Биёед соддатарин чизҳоро аз ҳам дареғ накунем.
”Муҳаббат”
Шаби хубе дошта бошед, азизон!!!!
107 views14:40