Get Mystery Box with random crypto!

Боздошт гардидани марди 33-сола бо ҷурми ғоратгарӣ Ба ШВКД-1 | ХОДИСА ТВ | HODISA TV

Боздошт гардидани марди 33-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 13-уми январи соли 2023, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар кӯчаи Заринисори пойтахт қарор доштанаш, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ дода, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-НОТ 9»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Подписаться @Hodisa1