Get Mystery Box with random crypto!

В МЫТИЩАХ СОТРУДНИЦА ХИНКАЛЬНОЙ ЗАРЕЗАЛА ДИРЕКТОРА ЗАВЕДЕНИЯ. | ХОДИСА ТВ | HODISA TV

В МЫТИЩАХ СОТРУДНИЦА ХИНКАЛЬНОЙ ЗАРЕЗАЛА ДИРЕКТОРА ЗАВЕДЕНИЯ.

Як ҷавонзани тоҷик, ки дар қаҳвахонаи "Хинкальная Тбилисо" дар шаҳри Митишии вилояти Маскав кор мекард, ба он айбдор мешавад, ки дар ҷои кор дар ҷараёни муноқиша як ҳамкорашро бо корд куштааст. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 4 январи соли 2023 рух додааст.

Бино ба иттилои расида ду корманди қаҳвахона дар ҷои ошпазӣ бо ҳам
муноқиша кардаанд ва зан кордро гирифта, ба қафаси синаи ҳамкораш чанд кор задааст. Мард то расидани "Ёрии таъҷилӣ" ҷон додааст.

Баъди чанд соат кормандони пулис зани гумонбаршавандаро дар назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ
шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дӯсаева буда, 36 сол дорад.
Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи "Хинкальная Тбилисо" насбшуда, ки порае аз ин навор дида мешавад, ки
як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ
карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бо

Подписаться
      @Hodisa1