Get Mystery Box with random crypto!

Дафтари матбуоти ВКД ХАБАР медиҳад: Содир гардидани куштор ҳан | ХОДИСА ТВ | HODISA TV

Дафтари матбуоти ВКД ХАБАР медиҳад:
Содир гардидани куштор ҳангоми шабнишӣ

Нисбати марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда ҳангоми шабнишӣ бо рафиқонаш, шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 02:00, бо марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша ва ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корди хоҷагӣ 4-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад

Канал: @Parvis_TV