Get Mystery Box with random crypto!

Тақво!.. Ҳаргоҳ ки дил сахт шавад, инсон дар тоат ва ибодат | Асарҳоӣ солиҳин..!✍️

Тақво!..

Ҳаргоҳ ки дил сахт шавад, инсон дар тоат ва ибодат суст мешавад ва онҳоро сангин меёбад

Ҳаргоҳ дил сахт шавад, дунё дар чашми инсон бузург мегардад ва ба он рӯ меоварад ва бар дӯш кашидани рисолати ислом барои  мардумро нодида мегирад.

Ва низ:

Ҳаргоҳ дил сахт шавад, ғайрат ва ҷонибдори аз дини Аллоҳи мутаъол заиф мегардад.

Барои тақво ҳосил кардан ва давои бемориҳои қалби мо дар Қуръони Карим нуҳуфта аст.

Дустам ба ин ояти гаронбаҳо биандеш, ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

{يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَتْكُمْ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَشِفَاءٌ لِمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ}

Тарҷума:

« Эй мардум, аз сӯи Раббатон барои шумо андарз ва дармоне барои чизҳое, ки дар қалбҳо аст ва ҳидоят ва раҳмат барои мӯъминон аст»

[Сураи Юнус: 57].