Get Mystery Box with random crypto!

‏قال أبو بكر بن عياش- رحمه الله - : ' أهل السنة يموتون ، ويحي | Асарҳоӣ солиҳин..!✍️

‏قال أبو بكر بن عياش- رحمه الله - :

" أهل السنة يموتون ، ويحيا ذكرهم ، وأهل البدع يموتون ، ويموت ذكرهم ؛ لأن أهل السنة أحيوا ماجاء به الرسول - صلى الله عليه وسلم - فكان لهم نصيب من قوله : { ورفعنا لك ذكرك } ، وأهل البدع شنئوا ما جاء به - صلى الله عليه وسلم - ، فكان لهم نصيب من قوله : { إن شانئك هو الأبتر } ".

Абубакр ибни Аъйяш раҳимаҳуллоҳ гуфт:

Аҳли суннат мемиранд ва зинда мемонад ( дар байни мардум ) ёди онҳо ( яъне он ҷойгоҳу манзалати неке ки онҳо доштанд дар байни мардум ана ҳамон зинда мемонад ва ҳамеша мардум онҳоро ба неки ёд мекунанд ва дар ҳақашон дуои нек мекунанд ) ва аҳли бидъат ( яъне касоне ки дар дини Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло навовариҳоро эҷод карданд  ки на Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло онро гуфта аст дар қуръон ва на паёмбараш ﷺ дар ҳадисҳои саҳеҳ ) мемиранд ва мемирад ёду номи онҳо ( яъне аҳли бидъат машҳур ҳастанд дар байни мардум ҳамчун касоне ки дар дини Аллоҳ навовариҳоро эҷод карданд ва пас аз худ танҳо кори бади худро гузошта рафтанд аз ин рӯ дигар ёду номи онҳо намемонад пас аз маргашон.
мардум онҳоро ёд намекунанд   баъд аз маргашон ва агар ки ёд ҳам  кунанд ба бади онҳоро ёд мекунанд )....

Ба хотире ( зинда мемонад мақому ва шараф ва ) ёди аҳли суннат( чун ки ) онҳо зинда карданд он чи ки паёмбар ﷺ овард ( яъне ки паёмбар ﷺ бо худ қуръону суннатро овард ) пас ҳаст  барои аҳли суннат насибу баҳрае аз ин сухани Аллоҳ ки Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло дар сураи иншироҳ ояти чаҳорум  мегӯяд:
{وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ{
(الإنشراح‌‎ 4:94)

{ Ва боло бардоштем барои ту (эй Муҳаммад  ﷺ ) ёдатро }
Яъне паёмбар ﷺ ёд карда мешавад  дар азон гуфтан ва қомат гуфтан ва ғайра доимо мусалмонҳо ва ҳатто баъзеи кофирон паёмбар ﷺ ба неки ёд мекунанд.
Ва аҳли бидъат ( ба хотире ёду номи онҳо мемирад ки ) онҳо бад диданд ғазаби шуданд  ва тарк карданд он чиро ки паёмбар ﷺ овард ва аҳли бидъат тарк кардан амал кардани ба  қуръон ва суннати саҳеҳи паёмбар-ро  ﷺ пас ҳаст барои аҳли бидъат насибу баҳрае аз ин сухани Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло ки Аллоҳ мегӯяд дар сураи кавсар!

ояти савум
{إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ}
(الكوثر 3:108)

{Ҳамоно душмани ту думбурида (яъне аз хайру неки маҳрум ) аст.
Аҳли бидъатро агар ки мардум ёд ҳам кунанд локин ба бади онҳоро ёд мекунанд чунки онҳо бе насиб ҳастанд аз хайр....

الرد على البكري : ( ١٧٥/١ )

Ар-радду алал-бакри
ҷилд 1 саҳ 175