Get Mystery Box with random crypto!

ЗАНОНИ СОЛИҲА 🌹🌹

Telegram kanalining logotibi zanonisoliha — ЗАНОНИ СОЛИҲА 🌹🌹 З
Telegram kanalining logotibi zanonisoliha — ЗАНОНИ СОЛИҲА 🌹🌹
Kanal manzili: @zanonisoliha
Toifalar: Kattalashtirilmagan
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 27
Kanalning ta’rifi

Ассалому Алайкум ва Рахматуллохи ва баракатух .
Масъалаҳои фиқҳи барои занони мусалмон🌹
Канал баъд аз ҳифз дубора баркарор шуд ИН Шаа Аллоҳ

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar

2022-05-30 18:01:31 МАСОИЛИ ФИҚҲИ ЗИЁРАТИ ҚАБР
Зиёрати қабр ба манзури пандгирифтан ва ёдовари охират машрӯъ аст, ба шарте ки дар қабристон чизе ки мавриди ғазаби Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала шавад, монанди хостан аз соҳиби қабр ва кӯмак талабидан аз ӯ монанди инҳоро нагӯяд.
Зиёрати қабр барои занон ҳам ҷоиз аст, чун занон ба сабаби зиёрати қабр (панд гирифтан ёдовари охират) бо мардон шарик ҳастанд ,аммо ҳиҷоб пурра риоя кунанд , варна мавриди лаънати Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала қарор мегиранд.

АЪМОЛИ ҲАРОМ ДАР НАЗДИ ҚАБР
1 забҳ барои ризои Аллоҳ
2 ва 3 Паёмбар с аз каҷкори - (устои нақшу нигор) қабр ва ва нишастан ва бино кардан рӯи он ва баланд кардан беш аз ҳадди шаръӣ, ва навиштан рӯи он наҳий кардааст.
4 намоз хондан рӯ ба рӯи қабр
5 намоз хондан дар канори қабр агарчи рӯи ту ба тарафи қабр ҳам набошад
6 сохтани масҷид рӯи қабр
7 табдил кардани қабристон ҷой баргузории ид, ва рафтан ба қабристон дар вақти муайян ва муносибатҳои маъруф-(шинохта шуда , шухратёфта) ба қасди ибодат назди қабр ё ғайри он
8 шикастани устухони маййит.
117 views15:01
Ochish/sharhlash
2022-05-30 17:57:16 МАСОИЛИ ФИҚҲИ ТАЪЗИЯ БАЁН КАРДАН.
Бояд бо сухане ,ки аз Паёмбар с собит шудааст ба аҳли маййит тасаллият шавад, ва агар чизе аз Паёмбар с дар ин маврид дар зеҳн надошт бояд ҳар сухани некуй ,ки мухолифати шариъат надошта бошад ва мақсадаш дилхушкуни бошад .
Калимоте ки барои аҳли маййит гуфта мешавад:
أن الله ما أخذ، و له ما أعطي،و كل شي عنده بأجل مسمى، فمرها فلتصبر و لتحسب.

ДАР ВАҚТИ ТАЪЗИЯ АЗ ДУ ЧИЗ ХУДОРИ КУНЕД, АГАРЧИ МАЪЛУМ ДАР АНҶОМИ ОН ҲАРИС БОШАНД.
1 гирд омадан барои ТАЪЗИЯ дар макони махсусе монанди хона ё мақбара ё масҷид.
2 дигар омода кардани ғизо !аз тарафи аҳли маййит барои пазирои касоне ки ба азодори меоянд.
Суннат онаст ,ки наздикон ва ҳамсоягони маййит барои хонаводаи маййит ғизо омода кунанд ва серашон кунад.

ОНЧИКИ БАРОИ МАЙЙИТ ФОИДА МЕРАСОНАД.
1 Дуои мусалмонон барои Ӯ.
2 пардохт кардани қарзаш ,аз тарафи ҳар касе бошад.
3 қазои назр аз маййит, рӯза бошад ё ғайри руза .
4 фарзанди солеҳе ки аъмоли солеҳ анҷом медиҳад.
5 садақоти ҷория ,
733 views14:57
Ochish/sharhlash
2022-05-30 17:54:29 Агар зарурат пеш омад, метавон мурдаро шабона дафн кард ,ва метавон барои осони кор аз чарог истифода кунад.
Воҷиб аст қабр амиқ ,васеъ ва хуб бошад.
Кандани қабр ҳам ба сурати лиҳад ва ҳам ба сурати шикофта ҷоиз аст.
Маййит агарчи зан бошад, тавассути мардон ба қабр гузошта мешавад, чаро ,ки дар замони Паёмбар с мардон ин корро анҷом медоданд, ва то кунун низ мусалмонон ин корро анҷом медиҳанд.
Авлиёи маййит дар гузоштани маййит дар қабр мустаҳиқтаранд.
Марде метавонад ҳамсари худашро дафн кунад:вале вобаста ба ин аст ки дар он шаб бо ҳамсараш омезиш накарда бошад дар ғайри ин сурат барояш машрӯъ нест ки занашро дафн кунад беҳтар аст ғайри ӯ агар дорои шарти мазкур бошад, занашро дафн кунад.
Суннат аст маййит аз тарафи поини қабр (ҷойе ки пои маййит қарор мегирад)дохили қабр гузошта шавад.
Маййит дар қабр ба паҳлӯи рост ва ру ба қибла гузошта шавад ба тавре ки сараш дар самти рости қибла ва пойҳояш дар самти чап қарор гирад.
Мусалмонон аз замони Паёмбар с то кунун бадин тариқ амал карданд.
Суннат аст касе ки маййитро дар қабр қарор медиҳад бигуяд
بسم الله و على سنة رسول الله أو ملة رسول الله
Ба номи Аллоҳ! Ва бар суннати Паёмбари Аллоҳ ё дини Паёмбари Аллоҳ.
Барои касе ки канори қабр аст мустаҳаб аст баъд аз бастани лаҳад ( гузоштани сангҳо) Бо ҳар ду дасташ се мушт хок бар руи қабр бирезад .

БАЪД АЗ ДАФНИ МАЙЙИТ МАВОРИДИ ЗАЙЛ СУННАТ АСТ.

1 қабр ҳудуди як ваҷаб аз замин баланд шавад, то мушахас шавад ки қабр аст, ба он иҳонат нашавад.
2 қабр миқдоре баланд шавад.
3 бо қарор додани тика санге ё шабиҳ он дар қисмати болои қабр (сармайит) ,онро мушахас кунад, то ҳар гоҳ касе аз бастагони- хешон, наздикони маййит бимирад назди ӯ дафн шавад.
4 болои қабр биистад ва барои пойдории маййит дуо ва талаби мағфират кунад ва ҳозиронро низ ба ин кор суфориш кунад.

Ҷоиз аст ки ҳамроҳони ҷаноза, ҳангоми дафн канори қабр биншинанд то марг ва ҳаводиси баъд аз онро ба ёд биёваранд.

ЧИЗҲОЕ КИ БАР МАЙЙИТ АНҶОМ МЕДИҲАНД , АММО БИДЪАТ АСТ :

●Дар вақти сакароти мавт, хондани Қурони Карим.
● Барои маййит хондани ҚУРОНИ КАРИМ, хоҳ қабл аз гусли вай бошад ё баъд аз он.
● Рӯи маййитро пеш аз дафн он тарафи қибла дур додан, чунки дар ин маврид ҳадиси саҳеҳ нест.
●Гузоштани нохунҳои мурда ,ё тарошидани муйҳои зери нофи маййит.
● Барои маййит мотам гирифтан беш аз се руз .
● Бархе аз ақоиди фосиде аст, ки маййит ҳар гоҳ шаб ё рӯзи чаҳоршанбе бимирад ,бадбахт мебошад. والعياذ بالله
● Ақидаи ботил аст ,мурдан дар шаби ҷумъа ё рӯзи ҷумъа ё дар рамазон, амонаст аз чаҳаннам.
● Шустушуи либоси маййит баъд аз мурданаш, (Ин ҳам ривоҷ аст)
● Дар ҳар узви маййит ҳангоми шустан, зикр ва дуо хондан.
●Дар кафани маййит навиштани ояталкурси ва бақияи оят.
● Ҷанозаро зеб ва зиннат кардан, ва онро гулпоши кардан ва андохтани гул гардан ва...
● Дар ҷаноза дар хона ,собун,чодар ,сузан ,ҳалво додан.
●кашидани бистар
● Додани исқот
● Хондани анвоъи қасида ,зикр кардан ба овози баланд, тиловати қуръон, хондани калимаи тайиба ҳангоми баланд кардани ҷаноза (тобут)
● Дар масҷид эълони ҷаноза кардан
● Барои маййит ҷумаги ,чиҳил солона ва ...
● Дар вақти ҷаноза гап задан
●Дар вақти ҷаноза хандидан
● Бидуни зарурат маййитро дохили тобут кардан
●Маййитро баъд аз дафн , маконашро тағйир додан
●Таътили ҷаноза.

БИДЪАТҲОИ НАМОЗИ ҶАНОЗА

■Дар вақти истодан барои намоз, гуфтан :эй мардум омодаи ният бошед ва ният кунед
■Кафшҳоро хориҷ кардан ва болои он истодан
■ Хондани ҷанозаҳо байни қубур
■ барои имом ,ҳиссаи аз кафани маййитро мегузоранд то бар он намоз адо кунад
■ дар намози ҷаноза ,,СубҳанакалЛоҳума..." ро хондан
■ баъд аз намози ҷаноза ба таври дастаҷамъӣ дуо кардан
■қироати сурай бақара ва ахавоти он болои қабр
Инҳое ,ки зикр кардам ,тафсилан ,ба китоби
التحقيات ص: ٥٨١ تا ٥٨٩،
Муроҷиа кунед .
81 views14:54
Ochish/sharhlash
2022-05-30 17:52:00 Машрӯъ он аст ки дуо байни такбири охир ва салом бошад.
Сипас монанди намози воҷиб, ду салом бидиҳад яке ба тарафи рост дигаре ба тарафи чап .
Метавон ба саломи аввалҳам иктифо кард .
Хондани намози маййит дар вақте ки намоз хондан ҳаром аст,ҷоиз нест, магар дар ҳоли зарурат .
фазилати ташйиъи ҷаноза фақат барои мардон аст ва шомили занон намешавад.

ТАШЙИЪИ ҶАНОЗА БО ИРТИКОБИ АЪМОЛЕ ,КИ МУХОЛИФИ ШАРИЪАТ БОШАД ҶОИЗ НЕСТ, ДАР СУННАТИ НАБАВИ БА ДУ МАВРИД ТАСРИҲ ШУДА, КИ ИБОРАТАНД АЗ:
Алиф : Гиря кардан бо садои баланд ва ташйиъ ҳамроҳ бо равшан кардани بخور ( оташ).
Б : Суръат дар бурдани ҷаноза ,бидуни давидан воҷиб аст
Ҷоиз аст ташйиъкунанда аз ҷулу ва пушти сар ва тарафи рост ва чапи ҷаноза ҳаракат кунад ба шарте инки ба ҷаноза наздик бошад магар ин ки савора бошад ,ки дар ин сурат бояд пушти сари ҷаноза ҳаракат кунад.
Агар касе вориди қабристон шуд ё аз канори он убур кард ,ин дуоро бихонад
السلام على اهل الديار من مؤمنين والمسلمين ،و يرحمه الله المستقدمين منا و المستؤخرين،و انا إن شاء الله بكم للا حقون
Салом бар му'минон ва мусалмонони ин диёр бод !Илоҳо ба гузаштагон ва ояндагони мо раҳм кунад, ва моҳам ба шумо мулҳиқ хоҳем шуд .

Дафни маййит воҷиб аст агарчи кофирам бошад.
Суннат аст дафн дар қабристон сурат гирад,чун Паёмбар с мурдаҳоро дар қабристони бақиъ дафн мекард ,ва ахбор дар ин маврид ба тавотур расидаанд ва дафн дар ғайри қабристон аз ҳеҷ як афроди салаф ривоят нашуда,ба ҷуз дафни Паёмбар с дар ҳуҷрааш ,ки ба тавотур расидааст, ва ин аз хусусиёти Паёмбар с аст.
Шухадои майдони чанг азин ҳукм мустасноянд ва дар маҳалли шаҳодаташон дафн шуда ба қабристон мунтақил намешаванд.
Се вақт аст ки Паёмбар с моро наҳй мекард ки дар он вақт намоз гузорем ё мурдаҳоямонро дафн кунем ,ҳангоме ки хуршед тулуъ мекунад то вақте ки баланд шавад, вақте ки нима рӯз мешавад то ҳангоме ки хуршед завол кунад ,вақте ки хуршед ба гуруб наздик мешавад то онки гуруб кунад.
Паёмбар с дар бораи яке аз асҳобаш ,ки фавт карда буд ва ӯро дар порчаҳое ки тамоми баданашро намепушонид, кафан ва шаб ҳангоми дафн карда буданд суҳбат кард ,моро аз дафн кардани мурдагон дар шаб манъ кард ,то (субҳ мардуми зиёд ҷамъ шаванд) бар ӯ намоз хонда шавад ,магар ин ки зарурати пеш биёяд.
73 views14:52
Ochish/sharhlash
2022-05-30 17:42:27 ︎ Касе ки аз ҳама беҳтар СУННАТҲОИ ғуслро медонад ,гусли маййитро ба ӯҳда гирад ,ва агар аз хонавода ва наздиконаш бошад беҳтар аст, чун касоне ки уҳдадори гусли Паёмбар (с) шуданд аз хонаводаи эшон буданд .
︎ Лозим аст ки гусли мардро мардон ва гусли занро занон бар ӯҳда гиранд, вале зан ва шавҳар аз ин мустасно ҳастанд ва ҳар кадом аз онҳо метавонад дигареро гусл диҳад .
︎ Гусл додани шаҳиди майдон ҷанги машрӯъ нест :Паёмбар с фармуд: онҳоро бо хунашон дафн кунед .— яъне рӯзи ҷанги уҳуд —онҳоро нашуст .
︎ Кафан ё қимати он аз моли маййит гирифта мешавад, Агарчи ғайри аз он моле ба ҷой нагузошта бошад.
︎ Ҳадди ақал миқдори лозим барои кафан ,порчаҳое аст ки тамоми баданро бипушонад, ва агар танҳо тикаи порчаи кутоҳе дар дастрас бошад ки барои тамоми бадан кофи набошад ,дар ин сурат сари маййит бо кафан ва пойҳояш бо азхар пӯшонда шавад, ҳамонтавре ки ҳадиси Хабоб гузашт.

МУСТАҲАБОТИ КАФАН:

1 ранги сафед
2 бояд се порча бошад
3 Агар имкон дошт яке аз порчаҳо حبره (Навъе бурди ямани хатдор) бошад.

︎ Намоз хондан бар чанозаи мусалмон фарзи кифоя аст.

︎Ду гурӯҳ истисно ҳастанд ва намоз бар онҳо воҷиб нест.
1 кӯдаки ноболиғ
2 шаҳид

︎ Ҳарчи теъдоди намозгузорон бар чаноза бештар бошад беҳтар аст.
︎Мустаҳаб аст, пушти сари имом се саф ташкил шавад агарчи теъдодашон кам бошад.
︎Агар дар як замон чандин мурда мард ва зан вуҷуд дошта бошад, бар ҳар мурда намози ҷудогона хонда шавад ,вале агар бар ҳамаи онҳо як намоз хонда шуд низ саҳеҳ аст ,афроди мард ҳарчанд кучак бошанд муқобили имом ва занон ва духтарон баъд аз онон ,рӯ ба қибла қарор дода мешаванд.
︎Хондани намоз бар чаноза дар масҷид низ ҷоиз аст, аммо беҳтар он аст ки хориҷ аз масҷид дар маҳалли махсусе ,ки намози маййит аст ,бар ӯ намоз хонда шавад, Ҳамчунон ,ки замони Паёмбар с чунин буд ва аксар аҳодиси набави ҳам инро та'ид мекунанд.
︎Намози маййит дар байни қубур дуруст нест: Паёмбар с аз хондани намоз бар маййит дар байни қубур наҳй кард.
︎Дар намози маййит чор ё панҷ ило нуҳ бор такбир гуфта мешавад. Паёмбар с ҳар бор ба яке аз инҳо амал мекард.
︎ Дар бораи шаш ва ҳафт Такбир ,баъзе осори мавқуф омада аст, ки дар ҳукм марфуъанд , чун баъзе аз бузургони саҳоба онро дар ҳузури дигар саҳоба анҷом додаанд бидуни ин ки касе ба онҳо эътироз кунад.
︎ Барои намозгузор машрӯъ аст ки дастҳояшро дар Такбири аввал баланд кунад.
︎Сипас дасти росташро бар пушти каф ва масоъили миёни даст чап ва соъиди дасти чапаш қарор медод ва он дуро рӯи синааш муҳкам қарор медод .
︎Сипас баъд аз такбири аввал ,сурай фотиҳа ва сураҳои дигар мехонад.
︎Намози маййит ба сурати сари бо сар ишора хонда мешавад.
︎Сипас Такбири дуюмро бигуяд ва бар Паёмбар с салавот бифиристад.
︎Ва баъд аз Такбири дувум ,бақияи Такбиротро бигӯяд ва дар он холисона барои маййит дуо кунад.
︎Дар намози маййит бояд дуоҳое хонда шавад, ки аз Паёмбар с нақл шудаанд,.Аз ҷумла ин дуоҳо дуоҳое аст Паёмбар с бар чанозаҳое намоз хонд ва қисмате аз

اللهم اغفرله و ارحمه و عافه واعف عنه، و أكرم نزله، و وسع مدخله ،و اغسله بالماء والثلج والبرد و نقه من خطايا كما ينقى الثوب الابيض من الدنس، و ايدله دارا خيرا من داره واهلا خيرا من أهله و زوجا خيرا من زوجه و أدخله الجنة و اعذه من عذاب القبر و عذاب النار قال: قتمنيت ان أكون أنا ذلك الميت.
Илоҳо ӯро биёмурз ва ба ӯ раҳм кун ,ва ӯро аз азоб наҷот деҳ,ва ӯро мавриди авфи хеш қарор бидеҳ, ва маконашро дар биҳишт рафиъ гардон ва ҷойгоҳашро (дар қабр) фарохи ва вусъат деҳ ,ва ӯро (аз гуноҳон) бо об ва барф ва жола бишуй ва ӯро аз хатоҳо пок кун ҳамчунон ки почаи сафед аз чирк пок мешавад, ва барои Ӯ хонае беҳтар аз хонааш ва аҳле беҳтар аз аҳлаш ва ҳмсаре беҳтар аз ҳамсараш ҷойгузин бифармо, ( عوف بن مالك) гуфт: ки орзу доштам ки ин маййит ман мебудам - ро низ хонд .
73 views14:42
Ochish/sharhlash
2022-05-29 20:57:39 МАСОИЛИ ФИҚҲИ НАМОЗИ ҶАНОЗА

Ҳаргоҳ касе аз мусалмонон дар ҳолати иҳтизор қарор гирифт бар наздиконаш мустаҳаб аст, ки бар ӯ калимаи ШАҲОДАТРО талқин кунанд.

ЧУН РУҲАШ ТАСЛИМ ШУД БАР БОЗМОНДАГОНАШ РИОЯТИ МАВОРИДИ ЗАЙЛ ЛОЗИМ АСТ.

1) ва 2) чашмҳои майитро бибанданд ва барои Ӯ дуо кунанд .
3) Пӯшонидани ӯ бо порчае,ки тамоми баданашро фаро мегирад.
4)аҷалакунанда барои таҳҷиз ва хориҷ кардани он барои дафн.
5) баъзе аз наздикони маййит бояд фавран иқдом ба пардохти дивуни маййит аз дороиҳояш намоянд гарчи қарз тамоми молашро фаро гирад .

Барои ҳозирин ҷоиз аст, ки парда аз сурати ӯ бардоранд ва ӯро бибусанд ва се руз бар ӯ гиря кунанд.
Вақте хабари марги касе мерасад,ду чиз бар бозмондагони вай воҷиб аст:
1 сабр ва рози будан ба тақдир.
2 истирҷоъ гуфтани إنا لله وإنا إليه راجعون

Истирҷоъ инаст ,ки шахсе бигӯяд: إنا لله وإنا إليه راجعون( ،اللهم أجرني في مصيبتي وأخلف لي خيرا منها )
Илоҳо маро дар ин мусибат ма'ҷур бигардон вабеҳтар аз онро бароям ҷойгузин бифармо .

ОНЧИ БАРОИ БОЗМОНДАГОНИ МАЙИТ ҲАРОМ АСТ .

1) нола ,навҳа
Паёмбар с фармуд:
Чаҳор чиз дар уммати ман аз умури ҷоҳилият ҳастанд, ки аз он даст барнамедоранд , ифтихор ба ниёгон , таън дар насаб, талаби борон бо ситорагон ва навҳахони . Ва фармуд:
النحاءحة اذا لم تتب قبل موتها تقام يوم القيامة و عليها سربال من قتران و درع من جرب .
Агар зани навҳахоне қабл аз маргаш тавба накунад ,рӯзи қиёмат зинда мешавад дар ҳоле ки пероҳани огушта ба руган (қирмонанд) ва зараҳое аз зангор бар тан дорад.
2) ва 3) - Задан ба гунаҳо ва поракардани гиребон:
ПАЁМБАР С фармуд: Аз мо нест касе ,ки бар гунаҳояш бизанад ва гиребонашро пора кунад ва нола ва зори ҷоҳилона сар диҳад.
4 ) Кандани муй.
5) жулида кардани мӯй: Аз занон байаткунанда (дар байати ақаба) ривоят карда ва гуфтааст: Аз корҳои хубе ,ки Паёмбар с аз мо бар он ӯҳда гирифт то аз он сарпечи накунем ин буд ,ки ҳангоми мусибат суратамонро нахарошем ,ва войло накунем, ва гиребон чок накунем ,ва муйҳоямонро жулида раҳо накунем .

︎ Анҷоми чаҳор чиз дар бозмондагони маййит ва гайри дар ҳақи ӯ воҷиб аст: Гусл , кафан ,намоз, гур кардан .

ЧИГУНАГИИ ГУСЛИ МАЙЙИТ ДАР ИН ҲАДИС ОМАДА ,КИ :
Аз Умм Утиҳ ривоят аст : Паёмбар с Ҳангоми гусли духтараш ба онон фармуд: Аз тарафи рости бадан ва аъзои вузуи ӯ шурӯъ кунед.
Ҳамчунин аз умм Утиҳ ривоят аст: дар ҳоли шустани духтари Паёмбар с будем ,ки Паёмбар с назди мо омад ва фармуд: (Ӯро бо об ва садр-сина се бор ё панҷ бор ё бештар аз он агар лозим донистед бишуед ,ва охирин бор ӯро бо кофур ё чизе аз кофур бишуед ва вақти, ки тамом шудед, маро садо бизанед ,вақте тамом кардем ӯро садо задем, изорашро ба мо дод ва фармуд: бо ин порча ӯро бипушонед ба тавре ки ин порча аввалин пушиши ӯ бошад.
Ҳамчунин аз ӯ ривоят аст :мӯй сарашро дар се даста бофтем ва онро дар пушти сараш қарор додем .
77 views17:57
Ochish/sharhlash