Get Mystery Box with random crypto!

Дӯстони азизу меҳрубонам. Ҳамаи Шумоёнро бо омадани моҳи мубор | Хохарон ва бародарон

Дӯстони азизу меҳрубонам.
Ҳамаи Шумоёнро бо омадани моҳи мубораку Шарифи Рамазон, моҳи пур аз Баракот, моҳи Раҳмату Мағфират, моҳи Илму Маърифат, моҳи Оромиши Қалбу такмили Имону Тақво, моҳи Сипар аз васвасаи Шайтон, моҳи  Нузули Қуръон,  моҳи Шафоаткунандаи рӯзи Ҷазо, моҳи сар то охир пур аз Меҳру Вафоро аз сидқи дилу ҷон барои аҳли хонадонатон муборакбод мегӯям.
Аз даргоҳи Худованди Бузург талаб дорам, ки ин Меҳмони Азизро пур аз дастурхони лабрез аз Ибодату, Тақвову Парҳезгорӣ пешвоз гирифтанро бар хонадони ҳар яки мову Шумо насиб гардонад.
ОМИН.

Ташнаи дидори нурониатон
Муштоқи суханҳои ширинатон
Мӯҳтоҷи дуои хайратон як бандаи оҷизу нотавон.
Чи хуш бошад , ки баъд аз интизорӣ,
Ба умеде расад умедворе.

Ба муносибати ин моҳ агар саҳве, ғайбате, нороҳатие, беэътиборие зи мо бошад хоҳиш мекунам бубахшед, чун ҳамаи инро дар ҳаққи Шумо бахшидам.
Ин ҳамдигарбахширо ба дигар дӯстонатон ирсол намоед. @Majnunakm_05