Get Mystery Box with random crypto!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁

Telegram kanalining logotibi tarbiyai_farzand — ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁ Т
Telegram kanalining logotibi tarbiyai_farzand — ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ❁
Kanal manzili: @tarbiyai_farzand
Toifalar: Bolalar parvarishi
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 965
Kanalning ta’rifi

•┈┈┈• • ● ◆ ❁ ✿ ❁ ◆ ● • •┈┈┈•
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавонӣ ин самар бо рангу бӯи хуш расон.
Ранги хуш рӯи хуш асту бӯи хуш ақли расост,
Ин ду хислат гар набошад, зиндагӣ моро хатост!
•┈┈┈• • ● ◆ ❁ ✿ ❁ ◆ ● • •┈┈┈•

Ratings & Reviews

3.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar

2023-03-13 07:28:02
72 views04:28
Ochish/sharhlash
2023-03-13 06:07:50
95 views03:07
Ochish/sharhlash
2023-03-13 06:02:59
Farzandingizni Internetda faqat SIZ himoya qila olasiz!
————
Xorijiy mamlakatlar tajribasi (Qozog'iston)

P.S. Hurmatli ota-onalar farzandlarimiz nima bilan shug'ullanayotganiga ozgina e'tiborli bo'laylik.

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
100 views03:02
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34 Ф У Т У В В А Т Н О М А

Агар пурсанд, ки чун дӯсти ҳақиқӣ ба даст ояд, одоби ӯ чӣ гуна риоят тавон кард? Бигӯй: Бад-он навъ ки бо ӯ бист тариқ маръӣ доранд: Аввал, мол аз ӯ дареғ надоранд, агар ҳама мол натавон, боре он миқдор, ки бад-он раво шавад; Дуюм, рози вай бо касе нагӯянду дар миёни ҷон нигоҳ доранд; Сайюм, айби вай бипӯшанд аз халқ, на аз вай, балки бо вай бигӯянд, то ба тадоруки он машғул шавад; Чаҳорум, сухани вайро ба гӯши ҳуш бишнаванд; Панҷум, бар сухани вай эътироз накунанд ва айби он наҷӯянд; Шашум, вайро ба номи неку хитоб кунанд; Ҳафтум, некуии вайро шукр гӯянд; Ҳаштум, дар ғайби вай ҳифзулғайб маръӣ доранд; Нӯҳум, чун ба насиҳат ҳоҷат афтад, ба таъриз (сарбаста, киноя, гӯша задан) ва лутф гӯянд ва аз тасреҳу (ошкору ҳувайдо) унф (дуруштӣ) дур бошанд; Даҳум, хатоҳои вайро даргузоранду нодида ангоранд; Ёздаҳум, бори худ бар вай наафкананд; Дувоздаҳум, ба шодии вай шодӣ кунанд ва ба малоли вай малул бошанд; Сездаҳум, бар вай ба салом ибтидо кунанд; Чаҳордаҳум, ҳурмати вай ба навъе ки зиёдат аз он нашояд, ба ҷой оранд; Понздаҳум, дар миёни сухани вай сухан нагӯянд; Шонздаҳум, ба вай ҳамон писанданд, ки ба худ меписанданд; Ҳафдаҳум, вайро дар маҳалҳои солеҳ дуо кунанд ва барои вай дуо дархоҳанд; Ҳаждаҳум, дар маҷлис вайро тақдим кунанд ва ҷои наку биншонанд; Нуздаҳум, дар вақти мададкорӣ ҳимоят фурӯ нагузоранд; Бистум, бо душманони ӯ дӯстӣ наварзанд ва бо дӯстони ӯ душманӣ накунанд. Ва асл дар ин боб он аст, ки бо вай чунон маош кунанд, ки дӯст доранд, ки бо эшон маош бар он ваҷҳ воқеъ гардад ва яқин донанд, ки дар олам ҳеч саодате баробари ёри наку нест:

Эй дӯст, бирав, ба ҳар чӣ, дорӣ,
Ёре бихару ба ҳеч мафрӯш .

Пас дар одоби ёрӣ чандон ки метавон, мулоҳиза намуд, чунонки устод фармояд:

З-он ҳама, к-одоби накукорӣ аст,
Мояи аввал адаби ёрӣ аст
З-он ки дар офоқ зи барнову пир
Ҳеч кас аз ёр надорад гузир.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
99 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34
Агар пурсанд, ки дӯсти маҷозӣ кадом аст? Бигӯй: Он ки дар дӯстии ӯ ғаразе мутасаввир бошад ва он дӯстӣ эътимодро нашояд. Барои он ки ҳар ки ба ғараз дӯстӣ кунад, чун ғарази худ ҳосил кунад, дӯстӣ ба охир анҷомад ва агар ғарази вай ҳосил нашавад, дӯстӣ ба душманӣ мубаддал гардад. Байт:

Ин дағал дӯстон, ки мебинӣ,
Магасонанд гирди ширинӣ.
То ҳутоме , ки ҳаст менӯшанд,
Ҳамчу занбур бар ту меҷӯшанд.
В-он замоне, ки деҳ хароб шавад,
Киса чун косаи рубоб шавад,
Тарки сӯҳбат кунанду дилдорӣ,
Дӯстӣ – худ набуд, пиндорӣ.
Рост гӯям: Сагони бозоранд,
К-устухон аз ту дӯсттар доранд .
Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
105 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34
Агар пурсанд, ки шарти адаб бо дӯстон чанд аст? Бигӯй: Бо дӯстони ҳақиқӣ ё маҷозӣ?
Агар пурсанд, ки дӯсти ҳақиқӣ кадом аст? Бигӯй: Он ки дар дӯстии ӯ ҳеч ғаразе тасаввур натавон кард ва аломати инчунин касе он аст, ки дар ӯ панҷ хислат бошад: Аввал, ақл, ки дар сӯҳбати беақл ҳеч хайре набувад, чи акобир гуфтаанд: “Душмани доно беҳ аз нодон дӯст”; Дуюм, некухӯ бошад, ки бо бадхӯ сӯҳбат ба душворӣ муяссар шавад; Сайюм, салоҳи нафс, ки бо муфсиду фосиқ дӯстӣ неку набувад. Ва ҳар ки аз Худой натарсад, аз вай имон натавон бувад; Чаҳорум, қаноат, ки ҳар ки дунё дӯст дораду ҳарис бувад, сӯҳбати ӯ ҳамчун заҳри қотил бошад; Панҷум, ростӣ, ки ҳар ки норосту каҷбоз ва қалб (дигаргун ва вожгуна) бошад, дар дӯстии вай ҳеч роҳат набувад. Барои он ки ҳарчи гӯяд, бар он эътимод натавон кард.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
64 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34
Агар пурсанд, ки шароити адаб бо хешовандон чанд аст? Бигӯй: Ҳафт: Аввал он ки бо эшон пайванд кунӣ, ки силаи раҳм дар умр бияфзояд; Дуюм, ба мол бо эшон мувосот кунӣ; Сайюм, ба шодии эшон шод гардӣ ва ба ғами эшон ғамгин гардӣ; Чаҳорум, дар вақти мададкорӣ тариқи муованат (кӯмаку ёрӣ) фурӯ нагузорӣ; Панҷум, ҳарчанд бо ту ҷафо кунанд, дар мукофоти он вафо ба ҷой орӣ; Шашум, бо душманони эшон дарнасозӣ; Ҳафтум, қасди мол ва арази (коло, чизҳо) эшон накунӣ, ки ту низ беномусу беирз (беобрӯ) мешавӣ.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
59 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34 Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар чанд аст?

Бигӯй: дувоздаҳ:

Аввал он ки ҳурмати эшон ба воҷиб нигоҳ дорад;
Дуюм, ба моли дунё бо эшон музояқа (танггирӣ, худдорӣ) накунад;
Сайюм, ба мурооте, ки бо эшон кунад, миннат бад-эшон оид нагардонад;
Чаҳорум, тез дар рӯи эшон нанигарад;
Панҷум, чун бихонандаш, зуд иҷобат кунад;
Шашум, дар вақти мулоқоти эшон рӯй дарҳам накашад;
Ҳафтум, Ҳарчи фармоянд, ки дар он маъсийяте набошад, ба ҷой оварад;
Ҳаштум, дар сухан гуфтан бо эшон ё бо дигаре дар пеши эшон овоз баланд накунад;
Нӯҳум, бе дастурии эшон ба сафар наравад;
Даҳум, дар талаби ҳосил кардани хушнудии эшон бошад;
Ёздаҳум, тоати эшонро мӯҷиби наҷоти абад шиносад;
Дувоздаҳум, эҳсон бо эшон сонии ибодати Илоҳӣ донад, чунончи мефармояд:

“ وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا –

Ва қазо Раббука алло таъбуду илло ийёҳу ва бил волидайни иҳсоно...” (Ва ҳукм кард Парвардигори ту, ки парастиш накунед ҷуз ӯро ва ба падару модар некӣ кунед...) [Исро – 17, ояти 23]. Яъне Худойи ту ҳукм кардааст, ки мапарастед магар ӯро ва бо модару падар эҳсон кунед. Ва расул саллАллоҳу ъалайҳи ва олиҳи васаллам фармуда:

“ٱلْجَنَّةُ تَحْتَ أَقْدٰامِ ٱلْأُمِهّٰتِ –

Ал-ҷаннату таҳта иқдомил умиҳҳоти”. Яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст. Ҳосил он ки ба равзаи ризвон бе ризои эшон натавон расид.

Байт:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Андар таҳи пои модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ биёбӣ,
Он кун, ки ризои модарон аст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Манбаъ: Саҳифаи @fayzigelon

Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/tarbiyai_farzand
64 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34
59 views00:18
Ochish/sharhlash
2023-03-13 03:18:34
57 views00:18
Ochish/sharhlash