Get Mystery Box with random crypto!

Ҳукумат ба аҳолии зарардида аз муноқишаҳои марзӣ тахтаву шифер | Чанги Точик ва Киргиз

Ҳукумат ба аҳолии зарардида аз муноқишаҳои марзӣ тахтаву шифер ва орду равған кӯмак кард

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии аҳолии аз низоъҳои ахири наздисарҳадӣ зарардида ва аъзои оилаи қурбониёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои башардӯстона навиштааст, ки он аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.

Гуфта мешавад, ки кӯмаки зикршуда асосан ба оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расонида шуд.