Get Mystery Box with random crypto!

Киссахо

Telegram kanalining logotibi suhan_tj — Киссахо К
Telegram kanalining logotibi suhan_tj — Киссахо
Kanal manzili: @suhan_tj
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 73
Kanalning ta’rifi

Оодшт

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 2

2022-08-31 09:48:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
333 views06:48
Ochish/sharhlash
2022-08-31 08:37:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
345 views05:37
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:25:10
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
351 views04:25
Ochish/sharhlash
2022-08-31 06:13:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
353 views03:13
Ochish/sharhlash
2022-08-31 05:00:35
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
355 views02:00
Ochish/sharhlash
2022-08-30 21:32:06 Хоби хуш дӯстони имониям!

Ҳаммаи мо дар ин дунё ғанимат ҳастем!
Хубӣ ва дӯстдориро дар калбатон ҷо кунед, ки ҳар рӯзи гузаштаамон бе самар нагузарад !

Шуморо барои Аллоҳ дуст медорем !!

Шабатон ОСУДА гузарад

═════ ══════

ХОБҲОИ РАҲМОНӢ


Пеш аз хоб кардан намози витрро хонед!

Бе таҳоорат хоб накунед!

Тавбаро ҳар чи зиёдтар кунед!

Ниятҳои хубро фаромӯш накунед!

Хаммаи мусалмонҳоро бубахшед агарчи дар ҳаққатон зулм карда бошанд, зеро Аллоҳ бахшандагонро дӯст медорад!

Имшабро ғанимат шуморед!

Хатто 2 ракъат бошад ҳам намози таҳаҷҷуд хонед!

Фаромӯш накунед! Ва ин вақтро барои худ нафаси охир бишуморед!

Агар ба намози таҳаҷҷуд қувват доред тиловат карданро дароз кунед!

Ояталкурсиро ҳатман хонад!

Зикри Худоро зиёд кунед!

«ВА номҳои Худоро зикр кун, ба савобҳо сазовор шав» (Музаммил: Ояти - 8).

Шабатон хӯш бигзарад!

Субҳаналлоҳи Ва Биҳамдиҳи.
Субҳаналлоҳил Азийм.

То Пагоҳ бар ҳаммаи шумо Хобҳои Раҳмони хоҳонам аз даргоҳи Аллоҳи меҳрубон.мм
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
391 views18:32
Ochish/sharhlash
2022-08-30 20:19:01 Киссаи Хаёти
Аруси паривара
Хабари якбора бе ному нишон ғайб задани Озода дар як лаҳза дар сар то сари деҳа ва деҳоти гирду атроф паҳн гашт.
-Шунидед, духтари Раҳими савдогар гум шудааст,- мегуфт яке.
-Ҳа, духтари хеле зебо буд, ҳайф шуд бечора,- мегуфт дигарӣ.
-Ҳамааш айби хушдоманаш, занаки беақл ба арӯси ҳанӯз чилааш набаромада амр кардааст ки дар нимаи шаб кулчаи ширмол пазад. Арӯсак як поси шаб дар ошхонаи сиёҳу торик тани танҳо кулча пухта, аз чизе сахт тарсида аз ҳуш рафтааст. Саҳар, вақти намоз хусураш барои хондани бомдод бархоста мебинад, ки дари ошхона кушодаю келини бечиллааш дар назди танӯр мурда барин бе ҳушу бе ёд хобидааст. Арӯсакро бо азобҳои алим ба ҳуш оварда бошанд ҳам, духтари бечора баъди ҳамон ҳодиса девонаавзоъ шуда монд. Назди чандин муллоҳои номдор бурда бошанд ҳам, касе ба дардаш даво ёфта натавонист. Шояд Озодаро париҳояш дуздида, бо худ бурда бошанд,- мегуфтанд ҳамсояҳои наздикашон, ки аз ҳодисоти моҳҳои охир ба сари ин хонавода омада кам-кам огоҳӣ доштанд...
Хуллас, дар забони ҳама он шабу рӯз танҳо номи Озода буд... Мардум ба ғайбат овора буданд, падару модар ва хоҳару бародарони Озода бошанд, ба қавле аз ғаму дарди бисёр хун мехӯрданд.Саҳар ҳанӯз бонги хурӯс набаромада, тамоми ҷавонмардони авлоди Раҳими тоҷир, ки марди сарватманд буд ва аксарият ӯро бо лақаби Раҳими савдогар мешинохтанд, дар назди дарвозаи хонаи Раҳим ҷамъ мешуданд ва баъди машварати кӯтоҳ ба ҷустуҷӯи Озода мебаромаданд. Хонаҳои тамоми хеш табори дуру наздик, дугонаву дӯстони хонавода, соҳили рӯду дарёҳо, ҳатто беморхонаву сардхонаҳоро ҷустуҷӯ намуданд, на мурдаашро ёфтанду на зиндаашро, замин гӯё ду нима шуда, дар рӯзи равшан духтари 20-соларо ба комаш фурӯ бурда бошад, аз Озода ҳеҷ ному нишоне намонда набуд...
Озода дар байни 6 бародар духтари ягона ва нозпарварди хонадон бошад ҳам, волидонаш ӯро дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба шавҳар доданд. Раҳими тоҷир Салим ном ҷӯраи ҷонӣ дошт, ки дар Девдара зиндагӣ мекард. Салим одами камбағал бошад ҳам, ҷӯраи давраи донишҷӯии Раҳим буд, аз ҳамин хотир хостгории чандин одамони обрӯманд ва бою бадавлати шаҳриро рад карда, Раҳим духтарашро ба писари Салим дод, вале ин пайванд ба Озода хушбахтӣ наовард.
Домод девонаи ҳот набошад ҳам, ким-чӣ хел кӯдакфеъл ва камақл менамуд. Вай ба ҷои арӯсашро муҳофизату пуштибонӣ кардан, баръакс ҳамин, ки шаб торик шуд, дар ҳар кунҷак пинҳон шуда, баъд якбора “Вааҳҳ” гӯён, Озодаро метарсонд ё ба ҳайвонҳои ваҳшӣ тақлидкунон ҳар хел садоҳои воҳиманок мебаровард, ки аз шуниданашон дили арӯсак аз тарс қариб ба кафидан мерасид. Вақте ки Озода аз тарс фарёди ҷонкоҳ мезад, шавҳари ҷинифеълаш “ҳа, тарсидӣ, тарсидӣ” гӯён, чапак мезад. Озода чанд бор аз шавҳараш хоҳиш кард, ки дигар чунин қилиқҳои хунукашро такрор накунад, аммо домоди нимсоқу нимдевона гӯши пандшунав надошту боз ҳамон нағмаҳояшро такрор карда, ба таври худ завқ мебурд. Асад мегуфт, ки вай зан дораду занаш парӣ аст, вале падару модараш зӯран ӯро бо Озода хонадор карданд.
“Ба хонаи падарат рав! Парии ман бисёр бадрашк аст, агар ту ба хубӣ ба хонаи падарат наравӣ, ягон шаб туро буғӣ карда мекушад ё дуздида ба пушти кӯҳи Қоф мебарад. Ман аз парӣ ду бача дорам ва вай намемонад, ки ту падари бачаҳояшро аз худ кунӣ”-мегуфт шавҳар гоҳ ба худу гоҳ бехудона, вале Озода намедонист ин ҳарфҳоро ҷиддӣ қабул кунад ё ҳамчун сафсаттаи навбатии домоди нимсоқ то он рӯзе, ки ба сараш фоҷиа наомад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманаш ҳам аз писараш монданӣ надошт ва шабу нимашаб Озодаро аз хоби ширин бедор карда, ягон кор мефармуд. Як шаб соатҳои 11-12-и шаб хушдоманаш арӯсакро маҷбур кард, ки кулча шӯрад. Озода ночор дар як поси шаб хамир шӯрид. Соатҳои 3-и шаб хамир расид ва ӯ маҷбур шуд, ки кулчаро рост карда, дар танӯр алав монад. Дигар чӣ шуду чӣ монд, касе намедонад, вале саҳар хусураш таҳораткунӣ бархоста, дари ошхонаро кушодаю арӯсакро дар назди танӯр бе ҳушу бе ёд хобида пайдо кард.. Давом дорад
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
372 views17:19
Ochish/sharhlash
2022-08-30 19:06:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
378 views16:06
Ochish/sharhlash
2022-08-30 17:59:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
393 views14:59
Ochish/sharhlash
2022-08-30 16:48:02
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак
395 views13:48
Ochish/sharhlash