Get Mystery Box with random crypto!

Аз афташ баъди кандани кулчаҳо аз дегдон арӯсак аз чизе сахт т | Киссахо

Аз афташ баъди кандани кулчаҳо аз дегдон арӯсак аз чизе сахт тарсида, корсони пур аз кулчаи гарми ширмол аз тарс аз дасташ афтида буд, ки кулчаҳо ба чор тараф пош хӯрда, худаш мурда барин сарду карахт мехобид. Аввал мӯйсафед арӯсакро мурда гумон карда, қариб худаш дилкаф шуда буд, вале баъд набзашро санҷида, ҳис кард, ки ҳанӯз ҷон дар рамақ дорад ва доду фарёд зада, ҳамсояҳоро ҷеғ зад. Озодаро ба хона дароварда, бо пахтадуд ва спирти нашотир базӯр ба худ оварданд, вале чашмони арӯсак ким-чӣ хел беҷо буданду ҳазён мегуфт. Маҷбур шуданд, ки ба падару модараш занг зананд, Раҳим духтари наварӯсашро ба хона оварда, баҳри табобат ба куҷоҳое, ки набурд, вале касе ба дардаш даво ёфта натавонист. Духтурҳо “заъфи асаб дорад” гӯён, доруву дармон менавиштанду фолбину муллоҳо “ҷину парӣ ёр шудааст” гуфта, чилёсин ва қасидахонӣ мекарданд, аммо ҳоли Озода ба ҷои беҳ шудан, торафт бадтар шуда, дигар касеро гардан намедод.Ҳангоми дуохонӣ Озода гоҳ қамчинро аз дасти мулло гирифта, худи домуллоро қамчинкорӣ мекард, гоҳи дигар қиқирос зада механдид ва бо овози мардона “мулло, зӯри беҳуда назан, ту маро бароварда наметавонӣ” мегуфт, як бор ҳатто бо корд ба як муллои номдор ҳамла карда, қариб ӯро кушта буд. Муллоҳо “зиёнаш зӯр будааст, то аз шавҳараш ҷудо нашавад, аз ин дарду бало халос намешавад” гӯён, аз табобати Озода даст мекашиданд. Баъди се моҳи дар ба дари духтуру табибу муллоҳо давидан як нисфирӯзӣ Озода худ аз худ аз хонаи падараш ғайб зад.
Ҳамон рӯз аҳли оила гирди дастурхон ҷамъ шуда, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрданӣ буданд, ки Озода аз хона баромад. Ҳолаш каме беҳтар менамуд. Аз модараш пурсид, ки чӣ пухтааст “хомшӯрбо” гуфтани модарро шунида, абру чин карда “шумо хӯрдан гиред, ман янгаамро бинам”- гӯён, ба хонаи акааш гузашт. Янгааш Малоҳат картошкабирён мехӯрам, гуфтани Озодаро шунида, хурсанд шуд, ки хоҳаршӯяш ба худ омадааст ва “Озодаҷон, дастҳоятро шуста, хона даро, ман ҳозир хӯрокро мекашам” гӯён, ба хона даромад, вале...
Вақте ки Малоҳат табақи картошкабирён дар даст аз ошхона баромад, аз Озода дарак набуд. Хоҳаршӯяшро дар хона наёфта, ба хонаи хушдоманаш давид, зеро дилаш аз пешомади баде дарак медод.
-Озода канӣ?-пурсид аз модаршӯяш.
-Озода хонаи шумо рафта буд-ку,- бо ҳайрат ҷавоб дод хушдоманаш. Ранги келинчак канда, хабар дод, ки Озода дар хонаи онҳо нест, аниқтараш чанд лаҳза пеш рафта буд, вале дар як мижа задан ғайб зад.
Модару бародарони Озода маҳалларо такору карданд, вале Озодаро на касе дар кӯча дида буду на касе ба нақлиёт савор шуданашро шоҳид гашта, замин гӯё духтарро ба комаш фурӯ бурда бошад, дар рӯзи равшан бе ному нишон ғайб зад. Муддати 7 шабонарӯз падару модар, хешу табор ва ёру дӯстон ва кормандони мақомот Озодаро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ карда, ҳатто ба кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон рафтанд, на қабристонҳои кӯҳнаву нав монд, на мазору зиёратгоҳ ва на соҳили рӯдхонаву дарёҳо, аммо мурда ё зиндаи Озода пайдо набуд. Маҷбур шуданд, ки сураташро ба интернет партоянд, вале ин ҳам мадад накарда, ҳеҷ сарриштае ба даст наомад...
Саҳари рӯзи 8-уми ғайб задани духтар холааш, ки дар шаҳри Душанбе мезист, аз садои тақ-тақи дар бедор шуд. Гулрӯ дарро боз карда, дар рӯ ӯ ба рӯяш Озодаро дид ва кам монда буд, ки аз тарс дод гӯяд. Мӯйи сари Озода кушодаву жӯлида, либосҳояш пур аз лой, чашмонаш беҷо буданд. "Ман одам куштам. Ман як занро куштам! Бинед, дастҳои ман пур аз хунанд.
Маро пинҳон кунед, ки хешу табори ҳамон занак аз пасам омада истодаанд. Илоҷи дигар надошам, агар ман ӯро намекуштам, вай маро мекушт” гуфт Озода ва худро ба оғӯши холааш партофту аз ҳуш рафт. Гулрӯ бо ёрии писаронаш Озодаи бе ҳушу беёдро ба меҳмонхона дароварда, рӯи кӯрпача хобонду ба апааш занг зада, хабари ёфт шудани духтарашро расонд... Ҳамин тавр, Озода дар хонаи холааш се шабу се рӯз бе ҳушу бе ёд хобид. Волидони дилсӯхтааш бо такудави бисёр ӯро ба ҳуш оварданд. Худ аз худ пайдо шудани Озодаро фаҳмида, шавҳараш “кӣ медонад, ки дар ин рӯз вай дар куҷову бо кӣ буд” гӯён, талоқашро дод.давом дорад
Дастнависи А.
Сухани @suhan_tj Хак