Get Mystery Box with random crypto!

* * * Ёре, ки аҳди ошиқӣ бо ман бубаст, рафт, Гуфто бас аст оҳ | ❤ Шерҳои тожики ❤

* * *
Ёре, ки аҳди ошиқӣ бо ман бубаст, рафт,
Гуфто бас аст оҳу ғам, дигар бас аст, рафт.

Болои ин ҳама ғаму дарду шикастҳо
Аз нав дили шикастаи моро шикаст, рафт.

Гуфтам, ки як дили варо ёбам, хуш орзуст,
Як дил ба даст н-омаду сад дил зи даст рафт.

Чун баста буд риштаи ҷонам ба тори мӯш,
Як худ нарафт, риштаи ҷонам гусаст, рафт.

Ишқе, ки дар фарози наҷобат мақом дошт,
Чун санги бодхурдае аз қулла паст рафт.

Ҷурми ман аст, эй худо ё ҷурми содагӣ,
Мурғе, ки дӯш дар кафи ман менишаст, рафт...


[1986]
#ғазалҳо