Get Mystery Box with random crypto!

Бори дигар. Бори дигар баҳор меояд, Аз тароват шукуфад ошӯбам. | ❤ Шерҳои тожики ❤

Бори дигар.
Бори дигар баҳор меояд,
Аз тароват шукуфад ошӯбам.
Қабзаи зулфро кунам ҷорӯб,
Хонаро баҳри ёр мерӯбам.
Бори дигар баҳор меояд,
Ҳамраҳи ёри рафта бо армон.
Боз месозамаш варо банда,
Мекунам осияш дусад чандон.
Гесувонро ба атри боронӣ,
Медиҳам ихтиёри бӯсидан
Гунаҳоям ба ламси хуршеду,
Ғунчаҳоям барои рӯидан.
Ин баҳор аз таровати қалбам,
Лолаҳои сафед мерӯянд.
Ошиқони мананд,ки бо армон,
Қиссаҳоям ба моҳ мегӯянд...
Саидаи Синавӣ