Get Mystery Box with random crypto!

Наварӯси субҳи фирӯз омадаст, Сабза бо домони гулдӯз омадаст. | ❤ Шерҳои тожики ❤

Наварӯси субҳи фирӯз омадаст,
Сабза бо домони гулдӯз омадаст.

Куртаи атлас ба тан Модар Замин,
Интизори шамси дилсӯз омадаст.

Бо дили пурхаҷр бесабру шитоб,
Булбули хушхон ҷигарсӯз омадаст.

Фарши зебо маҳфилорои дил аст,
Гулбари ромишгар имрӯз омадаст.

Бо сари таъзим ба сад нозу ниёз, Лӯъбатосо пайки Наврӯз омадаст.

Омадӣ, хуш омадӣ, айёми ишқ, Ишқро фархунда ин рӯз омадаст!

ОЗАРМЕҲР