Get Mystery Box with random crypto!

Идомаи гармиҳои шадид дар Тоҷикистон Дар Вилояти Мухтори Кӯҳи | Саводнокии молиявӣ

Идомаи гармиҳои шадид дар Тоҷикистон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар қисми шарқӣ рӯзона 20-25 ва шабона 4-9 дараҷа ҳаво гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш буда дар аксар ноҳияҳо шамол бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Рӯзона дар ин вилоят ҳаво то 34-39 ва шабона 18-23 дараҷа гарм мекунад.

Ҳавои вилояти Хатлон ба фарқ аз дигар минтақаи Тоҷикистон гармтар аст. Ҳавосанҷон шабона 22-27 ва рӯзона 40-45 дараҷа гармиро пешгӯӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳаво дар вилояти Хатлон ғуборолуд мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шабона 18-23 ва рӯзона 37-42 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 29-21 ва рӯзона 40-42 дараҷа гарм мешавад.

Sputnik