2023-07-05 17:45:00
ДУОИ ПАДАРУ МОДАР
Подшоҳе дар айёми ҷавонӣ бе сипар ба ҷанг даромада, ғалаба ба даст меовард.
-- Сарбозҳо ва сарлашкарҳои душман хеле хавфнок ва пурзӯранд, сипари моро бо худатон гиред, - мегуфтанд ба ӯ сипохиёнаш.
Подшоҳ парво намекард ва хандида бо боварӣ ба ҷанг медаромад.
Аз байн солҳо гузаштанд. Ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медиданд.
Подшоҳ ба оҳангар сипар сохтанро фармуд. Ахли дарбор дар ҳайрат монда пурсиданд:
-- Подшоҳо, барои чӣ ба ҳамин қадар ҷанг бе сипар баромадеду акнун ба як ҳуҷум сипар сохта истодаед?
-- Эй дӯстон, сипари ман падару модарам буданд, ки онҳо аз олам гузаштанд. Дуогӯям намонд. Акнун дар дилам ваҳму ҳарос пайдо шуд. Волидонам сипари ман буданд, -- гуфт подшоҳ.
----------@Samarkand100 - Подпишитесь
Мы в Соц.сетях:Telegram I Facebook I Instagram
2.5K views14:45