2023-04-20 09:21:57
Нишаллоро чӣ гуна мепазанд?
Нишалло (нишолло, нишавло) яке аз шириниҳои дӯстдоштаи мардуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар моҳи Рамазон тановул мекунанд.
Сабаби дар моҳи Рамазон тайёр карданаш ин аст, ки гузаштагони мо гуфтаанд, хусусияти дармонӣ дорад. Аз назари тиббӣ ҳам озмуда шудааст.
Муқимҷон Ғаниев аз Узбекистон қариб ним аср боз нишалло тайёр мекунад. Ӯ дар ширинӣ аз решаи “Бех” (SAPONARIA), як хел гиёҳ, истифода мебарад.
Ҳарчанд нишалло ба дег андохта мешавад, онро намеҷӯшонанд. Пайваста лат мезананд. Баъд аз якуним соат тайёр мешавад.
Муқимҷон Ғаниев нишаллои омодашударо ҳамроҳи писаронаш ба бозор бурда мефурӯшад.
#ozodisocial #РадиоиОзодӣ #нишолло #Рамазон #ид #Узбекистон
6.3K viewsКаюмарси Ато Kayumars Ato, 06:21