Get Mystery Box with random crypto!

Як мактаби мусиқиро дар ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба номи Дамирб | Радиои Озодӣ

Як мактаби мусиқиро дар ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба номи Дамирбек Олимов гузоштанд. Ин овозхони ҷавон соле пеш дар садамае дар наздикии шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Дамирбек Олимов аз сарояндаҳои маъруфи попи тоҷик, 20-уми марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таваллуд шуда, дар оилаи овозхон Ботурҷон Олимов ба воя расидааст.

Соли 2004 ба Коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Корро дар ансамбли «Нури Хуҷанд» оғоз кард ва солҳои зиёд узви “Садои Суғд” ҳам буд.

Дамирбек Олимов соли 2011 аввал бо таронаи "Зулфони майда" муаррифӣ гардид. Дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд.

Аз ӯ се фарзанду чандин суруд монд. Таронаи охиринаш "Бачагиям" буд.

Ду албоми таронаҳояшро ба номи “Масти тарона” ва “Дунё” ба ҳаводорон пешкаш кард ва албоми сеюмро бояд баҳори гузашта муаррифӣ менамуд, вале фурсат наёфт.

#ozodisocial #радиоиозодӣ #деваштич #озодӣ #дамирбек #олимов