Get Mystery Box with random crypto!

Ширк чист ва бар чанд навъ аст? Бидон, ки ширк зидди яктопар | Оромиши Қалбҳо ❤️



Ширк чист ва бар чанд навъ аст?

Бидон, ки ширк зидди яктопарастӣ аст ва бар се
навъ тақсим мешавад:
1 – Ширки акбар
2 – Ширки асғар
3 – Ширки пинҳон
1 – Ширки акбар бар чаҳор навъ аст:
Аввал: Ширки дуо ва талаб аз ғайри Аллоҳ. Яъне
ҳалли мушкилот ва баровардани ҳоҷатҳоро аз ғайри
Аллоҳ талаб кардан.

Аллоҳ азза ва ҷал мефармояд:


فَإِذَا رَكِبُواْ فِى ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّـٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ

ПАС, ЧУН ОНҲО БА КИШТИҲО САВОР ШАВАНД, БА ХУДО – ИБОДАТРО БАРОИ ВАЙ ХОЛИС НАМУДА – ДУО КУНАНД. ВА ВАҚТЕ КИ ОНҲОРО БА СӮИ ЗАМИНИ ХУШК НАҶОТ ДОД, НОГАҲОН ОНҲО ШАРИК МЕОРАНД,

    ( Ал-Анкабут  : оят 65 )

(Ин мардуми мушрик вақте, ки ба киштӣ нишастанд
(ва боди шадид вазидан гирифт ва мавҷҳои куҳпайкар
киштиро иҳота карданд. Ва торикии шаб ва хурӯши
бод ва мавҷ зиндагиро ба сарнишинони киштӣ талх
кард), он гоҳ аст, ки ба ихлос Аллоҳро дуо кунанд ва
аҳд мебанданд, ки агар Аллоҳ ононро аз хатари
ҳалокат наҷот диҳад, дигар ҳеҷ гирди нофармонии Ӯ
нагарданд. Аммо вақте (Аллоҳ, ки меҳрубонтарини меҳрубонон аст) ононро наҷот дод ва пояшон ба
хушкӣ расад ногаҳон тағйир кунанд ва ширк варзанд).


Дувум: Ширк дар ният, ирода ва қасд
Аллоҳ азза ва ҷаллаҳу мефармояд

(Ҳар кас зиндагии дунё ва зиннати онро хоста бошад,
(подош) – и корҳояшонро дар он ҷо барояшон ба
тамом ва камол мерасонем ва онон дар он ҷо костӣ
набинанд. Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ба ҷуз
оташи (ҷаҳаннам) надоранд ва он чӣ дар он ҷо (дунё)
карда буданд, барбод рафта ва он чиро, ки анҷом
медиҳанд, ботил аст).


Севум: Ширк дар тоат
Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала мефармояд:

(Тавба: 31)
(Донишмандон ва роҳибонашонро ба ҷои Аллоҳ ба
маъбудӣ гирифтанд. Ва (низ) Масеҳ бини Марямро
(ба маъбудӣ гирифтанд). Ҳол он, ки фармон
наёфтанд, магар он ки маъбуди ягонаро бандагӣ
кунанд. Маъбуди (бар ҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Ӯ аз он чӣ
ширк меварзанд (бас) пок аст.


Чаҳорум: Ширки дӯстӣ ва муҳаббат
Аллоҳ мефармояд:(Бақара: 165)
(Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки (аз сабаби
кундфаҳмӣ ) шариконе барои Аллоҳ ғайр аз Аллоҳ
қарор додаанд. Ва ононро монанди Аллоҳ дӯст
медоранд ва касоне, ки имон овардаанд дар дӯстӣ аз
онҳо қавитаранд. Яъне кофирон он шарикони
дуруғинро таъзим карда, дӯст медоранд ва мардуме,
ки ба Аллоҳ имони саҳеҳ овардаанд, дар ин ҳол
муҳаббаташон барои Аллоҳ бештар ва таъзимашон
барои Аллоҳ бештар аз таъзиме аст, ки бехирадон
барои маъбудони дуруғин мекунанд).

Ороми қалбҳо