Get Mystery Box with random crypto!

Зиндагии мӯъмин ҷуз бо бало имконпазир нест! Яъне мӯъмин бо б | Оромии Қалбҳо ❤️

Зиндагии мӯъмин ҷуз бо бало имконпазир нест!

Яъне мӯъмин бо бало зиндагиаш омехта ва лаззати баъд аз бало, ҷуз бо сабр имконпазир нест. Вақте ки сабр бо ризоят такмил мешавад, ҳамон вақт аст, ки аз дунё меравем ва сафарро бо сарафрозӣ ба сӯи Аллоҳ мебандем. Ҳамон вақт аст, ки бароямон биҳишт ба хотири мубориза ва саркӯби нафс подош медиҳад.

Барои биҳишт муштоқоне ҳаст ва ҳама мо муштоқи биҳиштем. Кист ки муштоқи биҳишт набошад?

Пас эй муштоқ барои расидан ба биҳишт талош кун, ки ба ростӣ роҳи биҳишт душвор аст.

Дунё се чиз аст:

Умед
Дард
Подош

Пас бо аввал зиндагӣ кун ва дуввумро ба хотири сеюм бардошт кун.

Бор Илоҳо биҳиштро насибамон гардон, ва ҳар он чи ки ба он моро мерасонад, ба мо тавфиқаш бидеҳ. Амин
#Родмард #Шаҳодат