Get Mystery Box with random crypto!

Ҷавоне аз рафиқаш пурсид: — Куҷо кор мекунӣ? Гуфт: — Зери даст | 🌿🌸Nigoriston🌸🍃



Ҷавоне аз рафиқаш пурсид: — Куҷо кор мекунӣ?
Гуфт: — Зери дасти фалон одам. — Моҳона чӣ миқдор маош мегирӣ? — 500 — Ҳамагӣ 500? Чигуна бо ин маблағ зиндагӣ мекунӣ? Ин хеле кам аст. Корфармо қадри туро намедонад. Он нафар баъди шунидани ин суханҳо кам-кам аз кораш дилсард шуд ва аз хуҷаинаш тақозо кард, ки маошашро боло барад. Хуҷаин қабул накард ва ҳатто уро аз кор ихроҷ намуд. Қаблан шуғле дошт, акнун бекор аст... Зане кӯдак ба дунё овард. Дугонааш аз ӯ пурсид: — Ба муносибати таваллуди кӯдак шавҳарат бароят чӣ ҳадя харид? — Ҳеҷ. — Чаро ҳеҷ? Магар ту барояш арзиш надорӣ? Инро гуфту дар дили зан тухми ноумедиро корид. Бегоҳ, ки шавҳар ба хона омад, дид, ки ҳамсараш асабони аст ва кор ба даъвою хархаша кашид ва оқибат ҷудоӣ овард. Падаре дар ниҳояти хушбахтӣ аст. Яке мерасад ва мегӯяд: — Писарат чаро ҳар рӯз хабаратро намегирад? Яъне, он қадар машғул аст, ки вақт намеёбад? Ӯ бо ин ҳарфҳо сафои қалби падарро тираву тор карду рафт.


Ин аст, сухан гуфтан бо забони шайтон. Дар тули рӯз хеле саволҳоро мумкин аст аз ҳамдигар бипурсем; Чаро нахариди? Чаро надори? Чӣ тавр ин зиндагиро таҳаммул мекунӣ? Мумкин аст аз пурсидани ин саволҳо ҳадафамон дарёфти итилоъ бошад, ё аз руи кунҷкови ё одат... Аммо намедонем бо ин пурсишҳо чӣ оташе ба дили шунаванда меандозем. Ба зиндагии мардум шар ворид насозем. Хеле чизҳо ба мо рабте надорад. Кӯр вориди хонаи дӯст шавем ва кар аз он ҷо берун ойем ва низ вайронкор набошем...

@tojikonatjk

#Очнись
@Nigoriston