Get Mystery Box with random crypto!

ҚИССАИ ТАЪСИРБАХШЕ БАҲРИ ҶАВОНОН Ҷавоне ба ҳакиме гуфт: В | Хамсарона🥰 Мушкилоти ҷинсӣ 👩‍❤️‍👨

ҚИССАИ ТАЪСИРБАХШЕ БАҲРИ ҶАВОНОН

Ҷавоне ба ҳакиме гуфт: Вақте ҳамсарамро интихоб кардам, дар назарам тавре буд, ки гӯё Худованд монандашро дар дунё наофаридааст.

Вақте номзад шудем, бисёре аз занонро дидам, ки мисли ӯ буданд, вақте издивоҷ кардем хеле зиёд аз занонро аз ӯ зеботар ёфтам, чанд солеро ки бо ҳам зиндагӣ кардем, дарёфтам, ки ҳамаи занҳо аз ҳамсарам беҳтаранд.

Ҳаким гуфт : Оё дӯст дори бидони аз ҳамаи инҳо талхтар ва ногувортар чист?

Ҷавон гуфт : Оре!
Ҳаким гуфт: «Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ куни, эҳсос хоҳи кард, ки сагҳои кучагарди маҳаллаи шумо аз онҳо зеботаранд»

Ҷавон бо тааҷҷуб пурсид :Чаро чунин сухане мегуи?
Ҳаким гуфт : чун мушкили дар ҳамсари ту нест.

Мушкили инҷо аст ки вақте инсон қалби тамаъкор ва чашмони гурусна дошта бошад (яъне чашмчарон бошад)  ва аз Худо шарм накунад, маҳол аст чашмонашро ба ҷуз хоки гӯр чизи дигар пур кунад.

Оё дӯст дори дубора ҳамсарат зеботарин зани дунё бошад?
Ҷавон гуфт :Оре
Ҳаким гуфт :  Мароқиб ва муҳофизи чашмонат бош, агар чашмҳоятро пок куни ҳамсаратро зеботарини зани дунё хоҳи дид.....
____
@khamsarona