Get Mystery Box with random crypto!

  Маслиҳат барои Мардон Хоби бароҳат тамоми ҷисмро ҷавон с | Хамсарона🥰 Мушкилоти ҷинсӣ 👩‍❤️‍👨

  Маслиҳат барои Мардон


Хоби бароҳат тамоми ҷисмро ҷавон сохта, мағзи сарро истироҳат медиҳад.

Либоси тозаву озода ва босалиқа пӯшед. Либоси ифлос руҳи инсонро заиф мегардонад.

Бо омӯзиши силоҳ машғул шавед.

Мӯйи сари хуб нигоҳубиншуда ё риши зебо бениҳоят ба занҳо писанд аст.

Мақсади худро дар зиндагӣ муайян созед.

Рӯзи корӣ ва истироҳатро ба нақша гиред.

Аз таҳти дил истироҳат кунед. Истироҳат ё шуғли дӯстдошта ба инсон нерӯ мебахшад.

Ягон ашёи хонаро таъмир кунед, кореро бо дасти худ ба анҷом расонед.

Дилкушод бошед. Ҳар чизе, ки хайр мекунед, ҳазор карат зиёд шуда ба шумо бармегардад.

Падар дар оила бояд мояи ифтихори фарзандон бошад.

Шикор, моҳидорӣ — воситаи хубест барои дар табиат будану асабҳоро ором кунондан.

Филмҳои мардонаро тамошо кунед (филмҳо оиди дастовардҳо, оиди иродаи қавӣ, созандаи хислати мардона).

Баъзан дар танҳоӣ мондан хуб аст.

Сайругашт дар ҳавои тозаву табиати зебо ба кас фараҳ мебахшад.

Намоз хонед. Танҳо намоз имони инсонро бақувват нигоҳ медораду бо Худованд наздик месозад.

Ба худ гӯед: Ман беҳтарин ҳастам!

Канали Ҳамсаронаро дастгири кунед!

@khamsarona