Get Mystery Box with random crypto!

Хайри Худо, Худо бигӯ, бе хиради Худо машав, Пушти дари Худо | Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил

Хайри Худо, Худо бигӯ, бе хиради Худо машав,
Пушти дари Худо бишав, пушти дари гадо машав.
Рӯ ба раҳи хирад бирав, хоса Худо барад, бирав,
Бандаи бохирад бишав, з-аҳли хирад ҷудо машав.
Ҷурми ту ҳаст беҳисоб, фаҳмишу донишат хароб,
Аз раҳи фитна рӯ битоб, дар хатару бало машав.
Чанд кунӣ ту ман-манӣ, нестӣ аз хирад ғанӣ,
Беҳуда ҷон чӣ меканӣ, саркашу беибо машав.
Хез, ба роҳи рост рав, рост бигӯву ҳақ шунав,
Рост биёр нав ба нав, рост бишав, хато машав.
Дар сари нанг сар супор, фитна ба фитнагар супор,
Ҳамраҳи аҳли дил бишав, ҳамраҳи фитнаҳо машав.
Хайри Худо, баҳори дил хандад аз обшори дил,
Тоза шавад ғубори дил, дур зи базми мо машав.
Хайрандеш