Get Mystery Box with random crypto!

они илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва | БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!

они илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.
Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад. Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».
Барнома дар таъмини ҳатмии масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ҳама вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, мусоидат хоҳад кард.
     Ҳоло яке аз масоили мубрами ҷомеа эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ворид гардида, амалишавии он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 ба роҳ монда шудааст.
«Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз ­масъалаҳои мубрами сиёсати забони мо мебошад. Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд. Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад», — зикр карданд Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019.
     Барои расидан ба ҳадафҳои барнома лозим аст, то ба масъалаи таълим ва тадриси забон, такмили равишу усули самарабахши омӯзиши он диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷус­туҷӯ ва пайдо намудани роҳу усули муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаи беҳтарини омӯзиш ва навовариҳо дар ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
     Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM