Get Mystery Box with random crypto!

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ — ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ!      Забони тоҷи | БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!



РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ — ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ!


     Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бо