Get Mystery Box with random crypto!

ба он такаллум мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолинг | БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!

ба он такаллум мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, онро одам бидуни омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад.
     Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, инҳоянд: 1. Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр, забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бидуни тадрис аз худ мешавад. 2. Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард. 3. Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмол ва фаҳмотар маҳсуб мегардад. Ин аст, ки баъзеҳо аз доираи забони адабӣ берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.
     Дар Тоҷикистон баробари забони тоҷикӣ, забонҳои бехати эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуд аст, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд. Забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд забони яғнобӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Аз сабаби он ки забони тоҷикӣ бо забонҳои зикр­шуда қаробат дорад ва ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид. Дар баробари тоҷикон миллатҳои ӯзбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра ба сар мебаранд, ки дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад. Ба ибораи дигар, дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай дар тӯли садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин ҳама имконоти забониро доро мебошад.
     Дар дунё забонҳои модарие мавҷуд аст, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳаст, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонад сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, имкониятҳои фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст.

Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор.

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM