Get Mystery Box with random crypto!

#Модаро_гиря_макун! Гарчи ҷонсӯз дарди ту, модаро гиря ма | БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!

#Модаро_гиря_макун!

Гарчи ҷонсӯз дарди ту, модаро гиря макун,
Чунки пурсӯз ашки ту, модаро гиря макун.

Мехурам хуни ҷигар аз субҳ то субҳ модаро,
Чун бубинам ранҷи ту, модаро гиря макун.

Субҳи уммедам тӯи, эй сарвати нотакрор,
Манбаҳои ганҷи ту, модаро гиря макун.

Дарди ҷонсӯз мехӯрад оҳиста аъзои ту,
Дарди худ бо ман бидеҳ, модаро гиря макун.

Ман ки пазмон шудаам хандаҳоят модаро
Ханда кун як лаҳза ту, модаро гиря макун.

Аз дили ларзони ту ларзанда шуд дунёи мо
Шоҳсутуни ин ҷаҳон, модаро гиря макун.

То биёби ту шифо, ҳам дур аз дарду бало
Шуд дуогӯй #Зоҳират, модаро гиря макун!

            ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM