Get Mystery Box with random crypto!

Витамини С дар таркиби настаран, қарақот, карам, помидор, лиму | БИОЛОГИЯ ВА АНАТОМИЯ

Витамини С дар таркиби настаран, қарақот, карам, помидор, лиму, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксар меваҳо дар қисми сабзи растаниҳо, хусусан дар навдаҳо вучуд дорад. Агар организм муддати дароз витамини С-ро нагирад, бемории синга, ки ба сайёҳон ва баҳрнавардон кайҳо боз маълум аст, хурӯҷ мекунад. Ҳангоми чунин беморй пилки дандон хуншор, пардаҳои луобии даҳон захмдор гардида, дандонҳо ҷунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни ҳол устухонҳо зудшикан гардида, буғумҳо дард мекунанд. Одам камхун мешавад ва муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хурок дар як шабонарӯз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.
@biologiy_anatomiy

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | БИОЛОГИЯ ВА АНАТОМИЯ