Get Mystery Box with random crypto!

Аъзои ҳис ва аҳамияти онҳо Дарки муҳити атроф. Ба одам ҷараён | БИОЛОГИЯ ВА АНАТОМИЯ

Аъзои ҳис ва аҳамияти онҳо Дарки муҳити атроф.
Ба одам ҷараёни доимии ангезандаҳо ва ахбори равандҳои дохилй ва берунии организм таъсир мекунанд. Ба одам дар қабул кардани ин ахбор ва дуруст ҳис кардани миқдори зиёди ҳодисаҳои атроф аъзои ҳис, чашм чун узви босира, гуш чун узви сомеа, лаззат чун узви зоиқа, буй чун узви шомма ва ғайраҳо имконият медиҳанд. Ҳар кадоми ин узв тавре ташкил ёфтааст, ки танҳо ҳодисаи муайяни муҳити атрофро ҳис мекунад. Масалан, босира рӯшной, сомеа садоро ва ғайра. Аъзои ҳис олами беруни (равшанй, буй, садо, таъсири механикӣ) - ро ба ахбори системаи асаб, яъне импулси асаб табдил медиҳанд . Мағзи сар аз аъзои ҳис ахборот гирифта, онҳоро аз худ мекунад ва ба узви иҷроия "фармон" медиҳад. Одам ранги сурхи чароғакро дида, дар ҷояш меистад, буйи сӯхтаи хӱрокро ҳис карда ба ошпазхона мешитобад, занги телефонро шунида, гўшаки онро мебардорад. Аъзои ҳис мунтазам кор карда, ҳаракатро танзим ва назорат менамоянд. Дар аъзои ҳис ретсептор хабари олами берунаро ба импулси асаб табдил медиҳад. Ҳар як намуди ретсептор танҳо як намуди ангезишро дигаргун месозад. Масалан, ретсепторҳои чашм ангезаи рӯшной, ретсепторҳои гуш ангезаи садоро баланд мекунанд.