Get Mystery Box with random crypto!

Азия-Плюс TJ

Telegram kanalining logotibi asiaplustj — Азия-Плюс TJ А
Telegram kanalining logotibi asiaplustj — Азия-Плюс TJ
Kanal manzili: @asiaplustj
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 8.87K
Kanalning ta’rifi

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Ratings & Reviews

3.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

2

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar 2

2022-08-31 16:27:15
Толибон ба ифтихори солгарди хуруҷи амрикоиҳо дар собиқ пойгоҳи ҳавоии Амрико - Баграми Афғонистон парад баргузор карданд.

Толибон (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ) тасмим гирифт, ки рӯзи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро рӯзи истироҳат эълон кунад.

Охирин воҳидҳои нерӯҳои хориҷӣ 31 августи соли 2021 ин кишварро тарк карда буданд.

@asiaplustj
1.5K views13:27
Ochish/sharhlash
2022-08-31 15:01:49 asiaplustj.info/tj
1.6K views12:01
Ochish/sharhlash
2022-08-31 14:13:17 asiaplustj.info/tj
1.7K views11:13
Ochish/sharhlash
2022-08-31 12:28:00 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, ба пайвандону наздикони ӯ изҳори тасаллият намуд.

“Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем”. – омадааст дар барқияи изҳори таслият.

Михаил Горбачёв шаби гузашта, дар сини 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард.

Гуфта мешавад, ки ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбочёва дафн хоҳанд кард.

Горбачёв 2 марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст.

Михаил Горбачёв охирин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз 1985 то 1991 қудратро дар даст дошт.

@asiaplustj
1.8K viewsedited  09:28
Ochish/sharhlash
2022-08-31 12:25:08 Довталабони тоҷик кадом мактаби оливу чӣ гуна ихтисосҳоро интихоб мекунанд?

Имсол ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 43 998 нафар довталаб, ба коллеҷҳо бо маълумоти синфи 11-ум - 15 740 ва бо маълумоти асосии умумӣ (синфи 9-ум) - 7 745 довталаб дохил шуданд.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, самтҳои талабгорашон нисбатан камтар барои довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) буда, нисбатан серталаб кластери панҷум (тиб, биология ва варзиш) мебошад.

Писандидатарин самтҳо барои тоҷикистониёни ҷавон “Эпидемиология”, “Андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” буда, озмун дар ин самтҳо барои 1 ҷой мутаносибан 364 нафар, 388 нафар ва 364 нафарро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи шумори довталабон ихтисосҳо дар бахши тиббӣ пешсафанд: “Кори табобатӣ” - зиёда аз 16 ҳазор нафар, “Педиатрия” - беш аз 12 ҳазор нафар.

Ҳамчунин дар таҳсили пулакӣ интихоби довталабон бештар ба таҳсили рӯзонаи риштаи “Кори табобатӣ” - 8 252 нафар рост омадааст.

Қобили зикр аст, ки бо назардошти дархостҳои довталабон ба ихтисосҳо, сокинони Тоҷикистон бештар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд.



1.8K views09:25
Ochish/sharhlash
2022-08-31 12:11:47
Ифтитоҳи чанд муассисаи таълимӣ дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дар маросими кушодашавии чанде аз муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ширкат карданд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ки барои 1500 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст, ифтитоҳ гардид.

Дар ноҳияи Шоҳмансур бинои иловагии МТМУ рақами 48, ки барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ноҳияи Синои пойтахт “Литсейи Умари Хайём”, ки барои 1200 нафар хонанда дар як баст бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

@asiaplustj
1.7K views09:11
Ochish/sharhlash
2022-08-31 11:29:57 https://clck.ru/wZ4N6
1.8K views08:29
Ochish/sharhlash
2022-08-31 09:02:39
Исфара: Модару писар куштори якбора се нафарро фармоиш додаанд

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар в. Суғд аз ҳодисаи куштор, ки модару писар фармоиш додаанд, пешгирӣ намуданд.

Сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” дар ин робита изҳор намуд, ки модару писараш ба ҳабс гирифта шуда, баёнот медиҳанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, зани 52солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанди ш. Исфара Мағфират Қодирова ва писараш Неъматҷон Валиев ба як шахс ба ивази 5 ҳазор доллар куштори додарарӯси Қодирова - Абдусалом Валиев ва ҳамсарӣ ӯ Мунира Мадаминоваро, ки дар як хона бо онҳо зиндагӣ мекарданд, фармоиш медиҳанд.

“Ҳамчунин бо дастони ин шахс бояд зани 35солаи сокини ш. Хуҷанд кушта мешуд, ки Қодирова бо шавҳари ӯ муносибатҳои ошиқона дошт. Шавҳари худи Қодирова дар зиндон адои ҷазо мекунад” - хабар дод Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, куштори хешовандонро модару писар бо сабаби баҳси хона, ки ба бародарон аз волидонашон ба мерос монда буд, фармоиш додаанд.
2.0K viewsedited  06:02
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:44:08
Михаил Горбачёв даргузашт

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шаби гузашта, дар сини 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки Михаил Горбачёв пас аз оғози бемории коронавирус ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт ва пайваста дар бемористон бистарӣ мешуд.

Гуфта мешавад, ки ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбочёва дафн хоҳанд кард.

Михаил Горбачёв охирин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз 1985 то 1991 қудратро дар даст дошт. Дар замони роҳбарии худ ӯ ба бозсозӣ оғоз намуд ва қолабҳои сангини то ин дам шаклгирифтаро шикаст.
Ҳамчунин, ӯ муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравиро бо давлатҳои Ғарб, аз ҷумла бо ИМА сода ва наздик намуд.

Мунаққидонаш Михаил Горбочёвро гунаҳкори аслии пошхӯрии давлати пуриқдори Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд, ки дар пай ҷангу муноқиша ва заифшавии иқтисодиро дар қаламрави давлатҳои аъзои ин иттиҳод дошт.

Горбачёв 2 марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст.

@asiaplustj
2.0K viewsedited  04:44
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:32:09
Дар маҷлиси ҳукумат мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 август маҷлиси ҳукумат баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис нахуст ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.

Гуфта мешавад, Барномаи мазкур фарогири маҷмуи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар замина мегузорад.

Бино ба маълумоти вазир, иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барнома барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин карда шудааст.

@asiaplustj
2.0K viewsedited  04:32
Ochish/sharhlash