Get Mystery Box with random crypto!

Нукоти асосӣ аз баромади Эмомалӣ Раҳмон дар 'Рӯзи дониш' Эмом | Азия-Плюс TJ

Нукоти асосӣ аз баромади Эмомалӣ Раҳмон дар "Рӯзи дониш"

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дарси сулҳ гузашт.

- ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳо равона карда шудааст ва ин кор минбаъд низ бомаром идома хоҳад кард.

- Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.

- Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ бунёд карда шудаанд.

- Танҳо дар 1,6 сол дар кишвар 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.

- Имрӯз, 1 сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.

- Дар зарфи 31 сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.

- дар соҳаи маориф 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

- Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони сатҳи касбияти баланд, норасоии омӯзгорони таҷрибадору забондони фаннӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯзаи соҳа мебошад.

@asiaplustj