Get Mystery Box with random crypto!

Асарҳоӣ солиҳин..!✍️

Telegram kanalining logotibi asarhoisolihin — Асарҳоӣ солиҳин..!✍️ А
Telegram kanalining logotibi asarhoisolihin — Асарҳоӣ солиҳин..!✍️
Kanal manzili: @asarhoisolihin
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 246
Kanalning ta’rifi

ASARHOISOLIHIN

Ratings & Reviews

1.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

2


Oxirgi xabar 2

2023-03-29 03:15:31 Аллома Абдуллоҳ ибни Абдул Азиз ал-Анқари ал-Ҳанбалӣ ан-Наҷдӣ (رَحِمَهُ الله) мефармояд:

Аллоҳи мутаъол фармуд: «۞ Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед ۞ Ва аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед ва [дар тасмимгирӣ] бо якдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва [тавону] иқтидоратон аз байн меравад. Ва сабр кунед, ки бе шакк, Аллоҳ таоло бо сабркунандагон аст ۞!» [Анфол: 45-46]

Имом Ибни Қайим Ҷавзӣ (رَحِمَهُ الله) фармуд:

Аллоҳи Пок дар ин оятҳо панҷ чизро зикр кардааст:

АВВАЛ: Устувор будан (пойдорӣ) ҳангоми вохӯрдан бо душман! Ва ин дар Каломи Аллоҳи мутаъол аст: «Пойдорӣ намоед!».

ДУВУМ: Ёди Аллоҳи мутаъол!  Ва ин дар Каломи Аллоҳи мутаъол омадааст: «Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед!».

СЕЮМ: Итоат ба Аллоҳ ва Расулаш! Дарҳақиқат, тоъати Аллоҳу Расулаш сабаби хайри ҳама чиз дар дунё ва охират аст! Ва ин дар Каломи Аллоҳи мутаъол аст: «Аз Аллоҳ ва паёмбараш итоъат кунед!».

ЧАХОРУМ: Ҳеҷ гуна мунозира (баҳсу ихтилоф байни худ) накунед! Дарҳақиқат, ихтилоф (байни мусулмонҳо) барои душман аслиҳа аст! Ва ин дар Каломи Аллоҳи мутаъол аст: «Бо якдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва [тавону] иқтидоратон аз байн меравад!»

ПАНҶУМ: Сабр! Ва ин дар Каломи Аллоҳи мутаъол аст: «Сабр кунед, ки бе шакк Аллоҳ бо сабркунандагон аст!». Ва касе, ки сабр кунад, ғолиб мешавад! Чуноне ки Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Ва бидон, ки пирӯзӣ бо сабр меояд»


ад-Дурар ас-Сания 9/65-66

41 views00:15
Ochish/sharhlash
2023-03-29 02:55:44
Бишитобед

<<وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَىٰ>>

Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд шавӣ».

— Шайхул Ислом ибни Таймия Аллоҳ раҳматаш кунад фармуданд.

Ҳамоно ризогии Парвардигор дар шитофтан ба сӯи дастуроташ аст...

https://t.me/ASARHOISOLIHIN

39 viewsedited  23:55
Ochish/sharhlash
2023-03-29 02:54:35 Ин дуъои зеборо ҳифз кунед:


اللّٰهُمَّ آتِ نَفْسي تَقْواها وَ زَكِّهٰا أنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاها أنْتَ وَلِيُّهٰا وَ مَوْلاها.

(Аллоҳумма аاти нафсий тақваاҳаا ва заккаҳаا анта хойру ман заккаاҳаا анта валийюҳаا ва мавлаاҳаا)

[ Бор Илоҳо ба нафс ва ҷонам, тақво ва тарс аз худат ъато фармо ва онро пок кун зеро ту поккунанда барои он ҳастӣ ва ту тарбияткунанда ва муҳофизи он ҳастӣ ]...

39 views23:54
Ochish/sharhlash
2023-03-29 02:54:19 "Дарди ту дарди ман аст, Ғами ту ғами ман..."

РасулАллоҳ (ﷺ) фармуданд:

«Муъминон ба муҳаббату меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ нисбат ба ҳамдигар мисли як бадананд, агар як узв дард кунад, тамоми бадан ба ин дард бо бехобӣ ва табларза посух медиҳад».

Бухори 6011.

40 views23:54
Ochish/sharhlash
2023-03-28 20:52:32 « فَلَولَا أَنَّهُ سُبحَانَهُ يُدَاوِي عِبَادَهُ بِأدوِيَةِ المِحَنِ والابتِلاءِ لَطَغَوا وبَغَوا وعَتَوا،

Пас ҳамоно агар Аллоҳ субҳонаҳ дармон намекард бандагонашро ба дармонҳои сахти ва санҷиш ( яъне Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло агар бандагонашро ба сахтиву машақат имтиҳон намекард ҳатман) аз манъкардаҳои Аллоҳ мегузаранд ( яъне ба ҳаромкардаҳои Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло даст мезананд ) ва нофармони мекунанд ва ҳақро қабул намекунанд ва дар гуноҳ кардан зиёдарави мекунанд
واللهُ سُبحَانَهُ إذَا أرَادَ بِعَبدٍ خَيرًا = سَقَاهُ دَوَاءً مِنَ الابتِلاءِ والامتِحَانِ عَلى قَدرِ حَالِهِ؛ يَستَفرِغُ بِهِ مِنَ الأدوَاءِ المُهلِكَةِ،
حَتَّى إذَا هَذَّبَهُ ونَقَّاهُ وصَفَّاهُ؛
أهَّلَهُ لِأشرَفِ مَرَاتِبِ الدُّنيَا وهِيَ = عُبُودِيَّتُهُ، وأرفَعِ ثَوَابِ الآخِرَةِ وهُوَ = رُؤيَتُهُ وقُربُهُ ».
Ва Аллоҳ субҳонаҳу вахте ки ба бандае хайру хубие бихоҳад  менӯшонад ба у  дармони ибтилову имтиҳонро ба (  ҳамон ) қадри ҳолаш яъне ӯро имтиҳон мекунад ба он қадар ки тавон дорад холи мешавад пок мешавад ӯ ба он имтиҳонҳо аз бемориҳои ҳалоккунанда то вахте ки ӯро ислоҳ намояд ва поку тоза кунад  (аз гуноҳон) омода мекунад Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло уро барои манзалату мартабоҳои баланди дунё ва ин убудияти Аллоҳ аст ва  болотарини савоби охират ин дидан ва наздик шудани ба Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло аст...

Зодул-миод аз ибнил-қайим ҷил 4 саҳ 195
[ زَادُ المِعَادِ لـ ابنُ القَيِّم صـ  ٤ / ١٩٥ ]

57 views17:52
Ochish/sharhlash
2023-03-28 16:19:50
Тақво!..

Ҳаргоҳ ки дил сахт шавад, инсон дар тоат ва ибодат суст мешавад ва онҳоро сангин меёбад

Ҳаргоҳ дил сахт шавад, дунё дар чашми инсон бузург мегардад ва ба он рӯ меоварад ва бар дӯш кашидани рисолати ислом барои  мардумро нодида мегирад.

Ва низ:

Ҳаргоҳ дил сахт шавад, ғайрат ва ҷонибдори аз дини Аллоҳи мутаъол заиф мегардад.

Барои тақво ҳосил кардан ва давои бемориҳои қалби мо дар Қуръони Карим нуҳуфта аст.

Дустам ба ин ояти гаронбаҳо биандеш, ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

{يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَتْكُمْ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَشِفَاءٌ لِمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ}

Тарҷума:

« Эй мардум, аз сӯи Раббатон барои шумо андарз ва дармоне барои чизҳое, ки дар қалбҳо аст ва ҳидоят ва раҳмат барои мӯъминон аст»

[Сураи Юнус: 57].


61 viewsedited  13:19
Ochish/sharhlash
2023-03-28 11:13:57 Алӣ ибну Абу Толиб ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мегӯянд:

«Ба зуди чунон замоне бар инсонҳо хоҳад омад, ки аз Ислом танҳо номаш ва аз Қуръон танҳо расмаш боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамон рӯзҳо Масҷидҳояшон обод буда, лекин аз ҷиҳати ҳидоят вайрон аст. Олимони онҳо бадтарини касоне, ки таги осмон ҳастанд, мебошанд. Фитна аз онҳо мебарояду, ба онҳо бармегардад.


Ибну Абид-Дуня, китоби
«Азобу уқубатҳо»
..

59 views08:13
Ochish/sharhlash
2023-03-28 10:50:51 ‏قال أبو بكر بن عياش- رحمه الله - :

" أهل السنة يموتون ، ويحيا ذكرهم ، وأهل البدع يموتون ، ويموت ذكرهم ؛ لأن أهل السنة أحيوا ماجاء به الرسول - صلى الله عليه وسلم - فكان لهم نصيب من قوله : { ورفعنا لك ذكرك } ، وأهل البدع شنئوا ما جاء به - صلى الله عليه وسلم - ، فكان لهم نصيب من قوله : { إن شانئك هو الأبتر } ".

Абубакр ибни Аъйяш раҳимаҳуллоҳ гуфт:

Аҳли суннат мемиранд ва зинда мемонад ( дар байни мардум ) ёди онҳо ( яъне он ҷойгоҳу манзалати неке ки онҳо доштанд дар байни мардум ана ҳамон зинда мемонад ва ҳамеша мардум онҳоро ба неки ёд мекунанд ва дар ҳақашон дуои нек мекунанд ) ва аҳли бидъат ( яъне касоне ки дар дини Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло навовариҳоро эҷод карданд  ки на Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло онро гуфта аст дар қуръон ва на паёмбараш ﷺ дар ҳадисҳои саҳеҳ ) мемиранд ва мемирад ёду номи онҳо ( яъне аҳли бидъат машҳур ҳастанд дар байни мардум ҳамчун касоне ки дар дини Аллоҳ навовариҳоро эҷод карданд ва пас аз худ танҳо кори бади худро гузошта рафтанд аз ин рӯ дигар ёду номи онҳо намемонад пас аз маргашон.
мардум онҳоро ёд намекунанд   баъд аз маргашон ва агар ки ёд ҳам  кунанд ба бади онҳоро ёд мекунанд )....

Ба хотире ( зинда мемонад мақому ва шараф ва ) ёди аҳли суннат( чун ки ) онҳо зинда карданд он чи ки паёмбар ﷺ овард ( яъне ки паёмбар ﷺ бо худ қуръону суннатро овард ) пас ҳаст  барои аҳли суннат насибу баҳрае аз ин сухани Аллоҳ ки Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло дар сураи иншироҳ ояти чаҳорум  мегӯяд:
{وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ{
(الإنشراح‌‎ 4:94)

{ Ва боло бардоштем барои ту (эй Муҳаммад  ﷺ ) ёдатро }
Яъне паёмбар ﷺ ёд карда мешавад  дар азон гуфтан ва қомат гуфтан ва ғайра доимо мусалмонҳо ва ҳатто баъзеи кофирон паёмбар ﷺ ба неки ёд мекунанд.
Ва аҳли бидъат ( ба хотире ёду номи онҳо мемирад ки ) онҳо бад диданд ғазаби шуданд  ва тарк карданд он чиро ки паёмбар ﷺ овард ва аҳли бидъат тарк кардан амал кардани ба  қуръон ва суннати саҳеҳи паёмбар-ро  ﷺ пас ҳаст барои аҳли бидъат насибу баҳрае аз ин сухани Аллоҳ субҳонаҳу таборака ва Таъоло ки Аллоҳ мегӯяд дар сураи кавсар!

ояти савум
{إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ}
(الكوثر 3:108)

{Ҳамоно душмани ту думбурида (яъне аз хайру неки маҳрум ) аст.
Аҳли бидъатро агар ки мардум ёд ҳам кунанд локин ба бади онҳоро ёд мекунанд чунки онҳо бе насиб ҳастанд аз хайр....

الرد على البكري : ( ١٧٥/١ )

Ар-радду алал-бакри
ҷилд 1 саҳ 175

127 viewsedited  07:50
Ochish/sharhlash
2023-03-28 10:28:21 Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу гуфт :

Аллоҳ ро бештар ёд кунед, зеро ин шифо аст, ва аз ёди мардум бипарҳезед, ки ин бемори аст.

Аз-зуҳд саҳ/101.

https://t.me/ASARHOISOLIHIN
64 viewsedited  07:28
Ochish/sharhlash