Get Mystery Box with random crypto!

ҲАФТ ГУНОҲИ БА ҲАЛОКАТ РАСОНАНДА! Аз Абу Ҳурайра (разиаллоҳ | Асарҳоӣ солиҳин..!✍️

ҲАФТ ГУНОҲИ БА ҲАЛОКАТ РАСОНАНДА!

Аз Абу Ҳурайра (разиаллоҳу анҳу) ривоят аст, ки (рӯзе) Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Аз 7 чизе (гуноҳе), ки ҳалокатткунанда аст,  иҷтиноб кунед (дурӣ ҷӯед)!» Мо пурсидем: «Эй Расули Аллоҳ, инҳо чиҳо (кадом гуноҳҳо) ҳастанд?» Он кас гуфтанд:
1. Ширк ба Аллоҳ овардан (ғайри Аллоҳро парастидан);
2. Сеҳр ва ҷодугарӣ;
3. Куштани шахсе, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром намудааст, магар ба ҳаққи он;
4. Хӯрдани рибо (судхӯрӣ-%);
5. Хӯрдани моли ятим;
6. Гурехтан аз сафи ҷиҳод (дар рӯзи мубориза алайҳи куффор);
7. Муттаҳам сохтани занони покдомани мусалмоне, ки ҳатто фикрашро надоштанд.

(Ин ҳадисро ривоят карданд: Бухорӣ 2766 (1200), Муслим 89, Абу Довуд 2874, Насоӣ 6/257. ниг. «Саҳиҳ ал-ҷамиъ ас-сағир» 144).